786. ХОНДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ЛӮРИЁНРО АЗ ҲИНДУСТОН
В-аз он пас ба ҳар мӯбаде нома кард,
Касеро, ки дарвеш буд, ҷома кард.
Бипурсидашон, гуфт: «Беранҷ кист,
Ба ҳар ҷой дарвешу беганҷ кист?
Зи кори ҷаҳон яксар огаҳ кунед,
Диламро сӯи равшанӣ раҳ кунед».
Биёмад - ш посух зи ҳам мӯбаде,
Зи ҳар номдореву ҳар бихраде,
Ки обод бинем рӯи замин,
Ба ҳар ҷой пайваста гашт офарин.
Магар марди дарвеш, к - аз шаҳрёр
Бинолад ҳаме в - аз бади рӯзгор,
Ки чун май гусорад тавонгар ҳаме,
Ба сар-бар зи гул дорад афсар ҳаме.
Бар овози ромишгарон май х(в)арад,
Чу мо мардумонро ба кас нашмарад.
Тиҳидаст беруду гул май х(в)аранд,
Тавонгар ҳамон ҷону дил парваранд».
Бихандид аз он нома бисёр шоҳ,
Ҳаюне барафканд пӯён ба роҳ.
Ба наздики Шангул фиристод кас,
Чунин гуфт, к - «Эй шоҳи фарёдрас,
Аз он лӯриён баргузин даҳ ҳазор
Нару мода бар захми барбат савор».
Чу лӯрӣ биёмад ба наздики шоҳ,
Бифармуд, то баркушоданд роҳ.
Ба ҳар як яке гов доду харе,
Зи лӯрӣ ҳаме хост барзигаре.
Ҳамон низ харвори гандум ҳазор,
Бад - эшон супурд, он ки буд пойкор,
Бад - он, то биварзад ба гову ба хар,
Зи гандум кунад тухму орад ба сар.
Кунад пеши дарвеш ромишгарӣ
Варо ройгонӣ кунад кеҳтарӣ.
Бишуд лӯриву гову гандум бих(в)ард,
Биёмад сари сола рухсора зард.
Бад - ӯ гуфт шоҳ: «Ин на кори ту буд
Парокандани тухму кишту дуруд.