Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

785. БАХШИДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ХИРОҶ БА ДЕҲҚОНОН

Чу бозомад аз роҳ Баҳромшоҳ, Ба ором биншаст бар пешгоҳ. Зи маргу зи рӯзи бад андеша кард, Дилаш гашт пурдарду рухсора зард. Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, Сарфароз мӯбад, ки будаш вазир. Ҳаме хост, то ганҷҳо бингарад, Зару гавҳару ҷомаҳо бишмарад, Ки ӯро ситорашумар гуфта буд, Зи гуфтори эшон барошуфта буд, Ки бошад туро зиндагонӣ се бист, Чаҳорум зи маргат бибояд гирист. Ҳаме гуфт, шодӣ кунам бист сол, Ки дорам ба рафтан зи гетӣ ҳамол. Дигар бист аз доду бахшиш ҷаҳон Кунам рост дар ошкору ниҳон. Намонам, ки вайрон бувад гӯшае, Биёбад зи ман ҳар касе тӯшае. Севум бист бар пеши Яздон ба пой Бибошам, магар бошадам раҳнамой. Ситорашумар шасту сесола гуфт, Шумори се солаш буд андар нуҳуфт. Зи гуфти ситорашумар дид ранҷ, Агарчанд будаш ба харвор ганҷ. Хунук марди беранҷу парҳезкор, Бавижа касе, к - ӯ бувад шаҳрёр. Чу дастури шаҳ баргирифт он шумор, Пурандеша омад бари шаҳрёр. Бад - ӯ гуфт: «То бисту се сол низ, Ҳамоно ниёзат наёяд ба чиз. Зи хӯрду зи бахшиш гирифтам шумор Дирамҳои ин лашкари номдор. Фиристодае низ, к - ояд барат, Зи шоҳону аз номвар кишварат, Бар ин сол ганҷи ту оростаст, Ки пур зарру сим асту пур хостаст». Чу бишнид Баҳром, андеша кард, Зи дониш ғами норасида нах(в)ард.