Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

784. БОЗГАШТАНИ ШАНГУЛ АЗ ЭРОН БА ҲИНДУСТОН

Бар ин рӯзгоре баромад дароз, Шаҳи ҳиндувон роҳро кард соз. Биёмад зи майдони тиру камон, Бари духтари хеш рафт он замон, Қалам хост он шоҳу қиртос хост, Зи мушки сияҳ суда анқос хост. Яке хатт бинвишт бар ҳиндувӣ, Пур аз дод монандаи паҳлавӣ. Сари аҳд кард офарин аз нахуст, Бар он к - ӯ ҷаҳон аз нажандӣ бишуст. Бигустурд покиву ҳам ростӣ, Сӯи дев шуд кажживу костӣ. «Сапенудро ҷуфти Баҳромшоҳ Супурдам бад - ин номвар пешгоҳ. Шаҳаншоҳ то ҷовидон зинда бод, Бузургон ҳама пеши ӯ банда бод. Чу ман бугзарам з - ин сипанҷи сарой, Ба Қаннуҷ Баҳром шоҳ аст рой. Зи фармони он тоҷвар магзаред, Тани мурдаро пеши оташ баред. Супоред ганҷам ба Баҳромшоҳ, Ҳамон кишвару коху тахту кулоҳ», Сапенудро дод маншури Ҳинд Навишта хати ҳиндувӣ бар паринд. Ба Эрон ҳаме буд Шангул ду моҳ, Фиристод пас меҳтаре назди шоҳ. Ба дастурии бозгаштан ба ҷой Худу номдорони фархундарой. Бад - он шуд шаҳаншоҳ ҳамдостон, Ки ӯ бозгардад ба Ҳиндустон. Зи чизе, ки бошад ба Эронзамин, Бифармуд, то кард мӯбад гузин. Зи динор в - аз гавҳари симу зар, Зи тахту зи тоҷу зи теғу камар, Зи дебову аз ҷомаи нобисуд, Ки онро шумору карона набуд. Бар андоза ёрон-шро ҳамчунин Биёрост аспону дебои Чин.