783. ОМАДАНИ ШАНГУЛ БО ҲАФТ ПОДШОҲ НАЗДИ БАҲРОМИ ГӮР
Пас огоҳ шуд Шангул аз кори шоҳ,
Зи духтар, ки буд шоҳро пешгоҳ.
Ба дидори Эрон будаш орзу
Бари духтару шоҳи озодахӯ.
Фиристод ҳиндӣ фиристодае,
Сухангӯй мардеву озодае.
Яке аҳди нав хост аз шаҳрёр,
Ки дорад ба хона-дарун ёдгор.
Ба наввӣ ҷаҳондор аҳде навишт
Чу хуршеди тобон ба боғи биҳишт.
Яке паҳлавӣ нома аз хатти шоҳ
Фиристода оварду паймуд роҳ.
Фиристода чун назди Шангул расид,
Сипаҳдори Қаннуҷ хатро бидид.
Зи Ҳиндустон сози рафтан гирифт,
Зи хешони чинӣ нуҳуфтан гирифт.
Биёмад ба даргоҳи ӯ ҳафт шоҳ,
Ки оянд бо шоҳ Шангул ба роҳ.
Яке шоҳи Кобул, яке Синдшоҳ,
Дигар Ҷӯгиёншоҳи бофарру гоҳ.
Дигар шоҳи Сандал, ки буд номдор,
Ҳамон шоҳи Ҷандал, гави комгор.
Дигар шоҳи Кашмири бодастгоҳ,
Дигар Мӯлтоншоҳи бофарру ҷоҳ.
Ҳама номҷӯю ҳама тоҷдор,
Ҳама нек бо тавқу бо гӯшвор.
Ҳама вижа бо гавҳару симу зар
Яке чатри ҳиндӣ зи товуси нар.
Ба дебо биёроста пушти пил,
Ҳаме тохт он лашкар аз чанд мил
Або ҳадяи шоҳу чандон нисор,
Ки динор шуд хор бар шаҳрёр.
Чунин шоҳ Шангул або ҳафт шоҳ
Ҳаме ронд манзил ба манзил ба роҳ.
Чу аз омадаш огаҳӣ ёфт шоҳ,
Биёрост лашкар, бурун шуд зи роҳ.
Бузургони ҳар шаҳр бархостанд,
Пазира шуданро биёростанд.