782. ПАЗИРА ШУДАНИ ЭРОНИЁН ШОҲ БАҲРОМИ ГӮРРО
Чу огоҳӣ омад ба Эрон, ки шоҳ
Биёмад зи Қаннуҷ худ бо сипоҳ,
Бубастанд озин ба роҳу ба шаҳр,
Ҳаме ҳар кас аз ком бардошт баҳр.
Дирам рехтанд аз карон то карон,
Ҳамон мушку динору ҳам заъфарон.
Чу огоҳ шуд з-он сухан Яздгирд,
Сипоҳи парокандаро кард гирд.
Чу Нарсию чун мӯбади мӯбадон
Пазира шудандаш ҳама бихрадон.
Чу Баҳромро дид фарзанди ӯй,
Пиёда бимолид бар хок рӯй.
Бародар-ш Нарсию мӯбад ҳамон
Пур аз гард рухсору дил шодмон.
Пас он гаҳ биёмад ба айвони хеш,
Ба Яздон супурда тану ҷони хеш.
Биёсуд, чун гашт гетӣ сиёҳ,
Ба кирдори симинсипар гашт моҳ.
Чу пироҳани шаб бидаррид рӯз,
Падид омад он шамъи гетифурӯз,
Шаҳаншоҳ бар тахти заррин нишаст,
Дари бор букшоду лабро бубаст.
Бирафтанд ҳар кас, ки буд меҳтаре,
Хирадманду дар подшоҳӣ саре.
Ҷаҳондор бар тахт - бар пой хост,
Биёрост покиза гуфтори рост.
Нахуст аз ҷаҳонофарин ёд кард.
Зи воми хирад гардан озод кард.
Чунин гуфт, к-«Аз Кирдгори ҷаҳон,
Шиносандаи ошкору ниҳон
Битарседу ӯро ситоиш кунед,
Шаби тира пешаш ниёиш кунед,
Ки ӯ дод пирӯзиву дастгоҳ,
Худованди тобанда хуршеду моҳ.
Ҳар он кас, ки хоҳад.ки ёбад биҳишт,
Магардед гирди баду кори зишт.
Чу доду диҳиш бошаду ростӣ,
Бупечад дил аз кажживу костӣ.