Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

781. БОЗГАШТАНИ ШАНГУЛ БА ҲИНД ВА БАҲРОМ БА ЭРОН

Ду шоҳи буторову яздонпараст Вафоро бисуданд бо даст даст, К-«Аз ин пас дили ростӣ нашканем, Ҳаме бехи кажжӣ зи бун барканем. Вафодор бошем то ҷовидон, Сухан бишнавем аз лаби бихрадон». Сапенудро низ падруд кард, Бари хеш тору бараш пуд кард. Сабук пушт бар якдигар гоштанд, Зи дил кина бар хок бугзоштанд. Яке сӯи хушкӣ, дигар сӯи об Бирафтанд шодондилу пуршитоб.