780. ТОХТАНИ ШАНГУЛ ПАСИ БАҲРОМИ ГӮР ВА ШИНОХТАНИ Ӯ
Саворе зи Қаннуҷ тозон бирафт
Ба огоҳ кардан бари шоҳ тафт.
Шунид ин сухан Шангул аз некхоҳ,
Чу оташ биёмад аз он ҷашнгоҳ.
Бад-ин гуна то пеши дарё расид,
Сапенуду Баҳроми ялро бидид.
Ғамӣ гашту бугзошт дарё ба хашм,
Ба фарзанд гуфт: «Эй бади шӯхчашм,
Ту бо ин фиребанда марди далер
Зи дарё гузаштӣ ба кирдори шер.
Ниҳонӣ зи ман сӯи Эрон шавӣ,
Зи минуи хуррам ба вайрон шавӣ.
Бубинӣ кунун захми жӯпини ман,
Чу ногоҳ рафтӣ зи болини ман.
Бад-ӯ гуфт Баҳром, к-«Эй баднишон,
Чаро тохтӣ асп чун беҳушон!
Маро озмудӣ, ки дар корзор
Чунонам, ки бо бодаву майгусор.
Ту донӣ, ки аз ҳиндувон сад ҳазор
Бувад пеши ман камтар аз як савор.
Чу ман бошаму номвар ёр сӣ,
Зиреҳдор бо ханҷари порсӣ,
Пур аз хун кунам дидаи ҳиндувон,
Намонам, ки бошад яке боравон».
Бидонист Шангул, ки ӯ рост гуфт,
Далериву мардӣ нашояд нуҳуфт.
Бад-ӯ гуфт Шангул, ки «Фарзандро
Бияфкандаму хешу пайвандро,
Зи дида гиромитарат доштам,
Ба сар-бар ҳаме афсарат доштам.
Туро додам онро, ки худ хостӣ,
Маро ростӣ буд, туро костӣ.
Ҷафо баргузидӣ ба ҷойи вафо
Вафоро ҷазо кай шунидӣ ҷафо?!
Чӣ гӯям туро, к-он фарзанд буд,
Ба андешаи ман хирадманд буд.
Кунун чун диловарсаворе шудаст,
Гумонад, ки ӯ комгоре шудаст.