779. ГУРЕХТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЗ ҲИНДУСТОН БО ДУХТАРИ ШАНГУЛ
Чу Баҳром бо духти Шангул бисохт,
Зан ӯро ҳаме шоҳи гетӣ шинохт.
Шабу рӯз гирён шуд аз меҳри ӯй,
Ниҳода ду чашм андар он чеҳри ӯй.
Чу аз меҳри ӯ Шангул огоҳ шуд,
Зи бадҳо гумонеш кӯтоҳ шуд.
Нишастанд як рӯз шодон ба ҳам,
Сухан рафт ҳар гуна аз бешу кам.
Сапенудро гуфт Баҳромшоҳ,
Ки «Донам, ки ҳастӣ маро некхоҳ.
Ҳаме роз хоҳам ҳаме бо ту гуфт,
Чунон кун, ки монад сухан дар нуҳуфт.
Ҳаме рафт хоҳам зи Ҳиндустон,
Ту бошӣ бад - ин кор ҳамдостон.
Барам ман туро низ бо хештан,
Набояд, ки донад касе з - анҷуман.
Ба Эрон маро кор аз ин меҳтар аст,
Ҳамам Кирдгори ҷаҳон ёвар аст.
Ба рафтан гар эдун, ки рой оядат,
Ба хубӣ хирад раҳнамой оядат,
Ба ҳар ҷой номи ту бону бувад,
Падар пеши тахтат ба зону бувад».
Сапенуд гуфт: «Эй сарфароз мард,
Беҳӣ ҷӯю аз роҳи дониш магард.
Беҳини занон аз ҷаҳон он бувад,
К - аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад.
Агар пок ҷонам зи гуфтори ту
Бипечад, напечам сар аз кори ту».
Бад - ӯ гуфт Баҳром: «Пас чора кун,
В - аз ин роз макшой бар кас сухун».
Сапенуд гуфт: «Эй сазовори тахт,
Бисозам, агар бошадам ёр бахт.
Яке ҷашнгоҳ аст з - эдар на дур,
Ки созад падар- м андар он беша сур,
Ки доранд фаррух мар он ҷойро,
Нишонанд он ҷо буторойро.
Бувад то бад - он беша фарсанг бист,
Ки пеши бут-андар бибояд гирист.