Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

778. НОМАИ ФАҒФУРИ ЧИН БА БАҲРОМИ ГӮР ВА ПОСУХИ ОН

Чу з-ин огаҳӣ шуд ба Фағфури Чин, Ки бо фарр(у) марде зи Эронзамин Ба наздики Шангул фиристода буд, Ҳамоно, ки шоҳи таҳамзода буд. Бад-ӯ дод Шангул яке духтараш, Ки бар моҳ сояд ҳаме афсараш. Яке нома наздики Баҳромшоҳ Набишт он ҷаҳондори бодастгоҳ. Ба унвон-бар аз шаҳрёри ҷаҳон, Сари номдорону тоҷу меҳон. Ба назди фиристодаи порсӣ, Ки омад ба Қаннуҷ бо ёр сӣ. Дигар гуфт, к - «Омад ба мо огаҳӣ Зи ту номвар марди бофарраҳӣ. Хирадмандиву мардиву ройи ту, Фушурдан ба ҳар ҷой бар пойи ту. Куҷо каргу ин номдор аждаҳо Зи шамшери тезат наёбад раҳо. Ба ту дод духтар, ки пайванди мост, Ки Ҳиндустон холи ӯро баҳост. Сари хештан бурдӣ андар ҳаво Ба пайванди ин шоҳи фармонраво. Ба Эрон бузургист, з - ин шоҳро, Куҷо кеҳтараш афсари моҳро. Ба дастурии шоҳ раҳ баргирифт, Ба Қаннуҷ шуд, моҳ дар бар гирифт. Кунун ранҷ бардору эдар биёй, Бад - ин марз чандон ки хоҳӣ, бипой. Ба дидори ту чашм равшан кунам, Равонро зи ройи ту ҷавшан кунам. Чу хоҳӣ, к - аз эдар шавӣ боз ҷой, Замоне нагӯям бари мо бипой. Равӣ шоду ба хилъату хоста, Худу номдорон - т ороста. Туро омадан назди ман нанг нест, Чу бо шоҳи Эрон маро ҷанг нест. Макун суст аз ин омадан ҳеҷ рой, Чу хоҳӣ ки баргардӣ, эдар мапой».