Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

777. БА ЗАНӢ КАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ДУХТАРИ ШОҲИ ҲИНДУСТОНРО

Ҳама шоду Шангул диле пур зи дард, Ҳаме дошт аз кори ӯ рӯй зард. Шаб омад, биёвард фарзонаро, Ҳамон мардуми хешу бегонаро. Чунин гуфт, к-«Ин марди Баҳромшоҳ Бад-ин шоҳу ин зӯру ин дастгоҳ Набошад ҳаме эдар аз ҳеҷ рӯй, Зи ҳар гуна омехтам рангу бӯй. Гар аз назди мо ӯ ба Эрон шавад, Ба наздики шоҳи далерон шавад, Сипоҳи маро суст хонад ба кор, Ба Ҳиндустон нест гӯяд савор. Сарафроз гардад ҳаме душманам, Фиристодаро сар зи тан барканам. Ниҳонаш ҳаме кард хоҳам табоҳ, Чӣ бинеду инро чӣ доред роҳ?» Бад-ӯ гуфт фарзона, к-«Эй шаҳрёр, Дилатро бад-ин гуна ранҷа мадор. Фиристодаи шаҳрёрон кушӣ, Ба кажжӣ бувад роҳу бедонишӣ. Кас андеша з-ин гуна ҳаргиз накард, Ба гирди чунин рой ҳаргиз магард. Бари меҳтарон зиштномӣ бувад, Сипаҳбад ба мардум гиромӣ бувад. Ҳамон гаҳ биёяд зи Эрон сипоҳ, Яке тоҷдоре чу Баҳромшоҳ, Намонад зи мо кас бар ин буму руст, Зи некӣ набояд туро даст шуст. Раҳонандаи мост аз аждаҳо, На куштан бувад ранҷи ӯро баҳо. Бар ин буми мо аждаҳо кушту карг, Ба тан зиндагонӣ физояш, на марг». Чу бишнид Шангул сухан, хира гашт, Зи гуфтори фарзонагон тира гашт. Бибуд он шабу бомдоди пагоҳ Фиристод кас назди Баҳромшоҳ. Ба танҳо тани хеш беанҷуман, На дастур буд пеш, на ройзан.