776. КУШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЖДАҲОРО
Яке аждаҳо буд бар хушку об,
Ба дарё гаҳе гоҳ дар офтоб.
Ҳаме даркашидӣ ба дам жандапил,
В-аз ӯ хостӣ мавҷи дарёи Нил.
Чунин гуфт Шангул ба ёрони хеш,
Бад-он тезҳуш роздорони хеш,
Ки ман з-ин фиристодаи шермард,
Гаҳе шодмонам, гаҳе пур зи дард.
Маро пушт будӣ, гар эдар будӣ,
Ба Қаннуҷ-бар лашкарам сар будӣ.
Гар аз назди мо сӯи Эрон шавад,
Зи Баҳром Қаннуҷ вайрон шавад.
Чу кеҳтар чунин бошаду меҳтар ӯй,
Намонад бад-ин марзи мо рангу бӯй.
Ҳама шаб ҳаме кори ӯ сохтам,
Яке чораи дигар андохтам.
Фиристам-ш наздики он аждаҳо,
К-аз ӯ бегумон ҳам наёбад раҳо.
Набошам накӯҳида аз кори ӯ,
Чу бо аждаҳо гардад ӯ ҷангҷӯ.
Бигуфт ину Баҳромро пеш хонд,
Басе достони далерон биронд.
Бад-ӯ гуфт: «Яздони додофарин
Туро эдар овард аз Эронзамин,
Ки Ҳиндустонро бишӯӣ зи бад,
Чунон, к-аз раҳи номдорон сазад.
Яке кор пеш аст бо дарду ранҷ,
Ба оғоз ранҷу ба фарҷом ганҷ.
Чу ин карда бошӣ, замоне мапой,
Ба хушнудии ман бирав боз ҷой».
Ба Шангул чунин посух овард шоҳ,
Ки аз роҳи ту бугзарам, нест роҳ.
Зи фармони ту нагзарам як замон,
Магар бад бувад гардиши осмон.
Бад-ӯ гуфт Шангул, ки «Моро балост,
Ки бар буми мо-бар яке аждаҳост.
Ба хушкиву дарё ҳаме бугзарад,
Наҳанги дамоҳанҷро бишкарад.