775. ҶАНГИ БАҲРОМ БО КАРГ ВА КУШТАНИ Ӯ КАРГРО
Яке карг буд андар он марзи шоҳ,
Зи болои ӯ баста бар бод роҳ.
Аз он беша бугрехтӣ шери нар,
Ҳам аз осмон каргаси тезпар.
Саросар ҳама марз аз ӯ дар хурӯш,
Аз овози ӯ кар шуда тезгӯш.
Ба Баҳром гуфт: «Эй писандида мард,
Барояд ба дасти ту ин коркард?
Яке беша наздики шаҳри ман аст,
К-аз он беша андеша баҳри ман аст.
Яке карг дар вай ба сони наҳанг,
Бидаррад дили шеру чарми паланг.
Ба наздики он карг бояд шудан,
Ҳама чарми ӯро ба тир ожадан.
Магар з-ӯ баросояд ин буму бар,
Ба фарри ту, эй марди пирӯзгар.
Яке ҷоҳ бошад-т наздики ман,
Чу наздики он номдор анҷуман,
Ки ҷовид дар кишвари Ҳинду Чин
Кунад бар ту-бар ҳар касе офарин».
Бад-ӯ гуфт Баҳроми покизарой,
Ки «Бо ман бибояд яке раҳнамой.
Чу бинам ба нерӯи Яздон танаш,
Бубинӣ ба хун ғарқа пироҳанаш».
Бад-ӯ дод Шангул яке раҳнамой,
Ки ӯро нишеман бидонисту ҷой.
Ҳаме рафт бо некдил раҳнамун,
Бад-он бешаи карг дил пур зи хун.
Ҳаме гуфт чанде зи ороми ӯ,
Зи болову паҳнову андоми ӯ.
Чу бинмуд, Баҳром баргашту рафт
Хиромон бад-он бешаи карг тафт.
Паси пушти ӯ чанд аз эрониён
Ба пайкори он карг баста миён.
Чу аз дур диданд хартуми ӯ,
Зи ҳангаш ҳаме паст шуд буми ӯ.
Бад-ӯ гуфт: «Ҳар кас, ки шоҳо, макун,
Зи мардӣ ҳаме бугзаронӣ сухун.