Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

960. КУШТА ШУДАНИ ГУСТАҲМ БА ДАСТИ ГУРДИЯ БА ЧОРАИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ГУРДӮЙ

Чунин то баромад бар ин чанд гоҳ, Зи Густаҳм пурдард шуд ҷони шоҳ. Барошуфт рӯзе, ба Гурдӯй гуфт, Ки «Густаҳм бо Гурдия гашт ҷуфт. Сӯи ӯ шуданд он бузург анҷуман, Бар онам, ки ӯ будашон ройзан. Зи Омул кас омад зи корогаҳон, Ҳама фош кард, он ки будӣ ниҳон. Ҳаме гуфт аз ин гуна, то тира гашт, Зи дидор чашми ялон хира гашт. Чу созандагон шамъу май сохтанд, Зи бегона айвон бипардохтанд. Ҳамон низ Гурдӯю Хусрав ба ҳам, Ҳаме гуфт ҳар гуна аз бешу кам. Бад-ӯ гуфт: «Аз эдар фаровон сипоҳ Ба Омул фиристодаам кинахоҳ. Ҳама баставу ҳаста боз омаданд, Пур аз нолаву богудоз омаданд. Кунун андар ин рой моро якест, Гар он рой бо тоҷу тахт андакест. Чу Баҳроми Чӯбина гум кард роҳ, Ҳамеша будӣ Гурдия некхоҳ. Кунун чорае ҳаст наздики ман, Магӯй ин сухан бар сари анҷуман. Сӯи Гурдия нома бояд навишт, Чу ҷӯе пур аз май ба боғи биҳишт, Ки то ту ҳаме дӯстдорӣ кунӣ, Ба ҳар кору ҳар ҷой ёрӣ кунӣ. Баромад бар ин рӯзгори дароз, Забон аз дилам ҳеҷ накшод роз. Кунун рӯзгори сухан гуфтан аст, Ки Гурдӯй моро ба ҷои тан аст. Нигар, то чӣ гуна кунӣ чорае, К-аз он гум шавад зишт патёрае, Ки Густаҳмро зери санг оварӣ, Дилу хонаи мо ба чанг оварӣ. Чу ин карда бошӣ, сипоҳи туро, Ҳамон дар ҷаҳон некхоҳи туро