Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

961. НОМА НАВИШТАНИ ГУРДИЯ БА ХУСРАВ ВА ХОСТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ӮРО

Давоту қалам хост нобокзан, Ба ором биншаст бо ройзан. Яке нома бинвишт наздики шоҳ, Зи бад хонду аз мардуми некхоҳ. Сари нома кард офарин аз нахуст Бар он кас, ки ӯ кина аз дил бишуст. Дигар гуфт: «Коре, ки фармуд шоҳ, Баромад ба коми дили некхоҳ. Пароканда гашт он сипоҳи сутург Ба бахти ҷаҳондор, шоҳи бузург. Нишастам кунун, то чи фармон диҳӣ, Чӣ овезӣ аз гӯшвори раҳӣ?» Чу он нома наздики Хусрав расид, Аз он зан варо шодии нав расид. Фиристодае хост ширинзабон, Баландахтару поку равшанравон. Яке нома бар сони аржанги Чин Набиштанду карданд чанд офарин. Гаронмоязанро ба даргоҳ хонд, Ба нома варо афсари моҳ хонд. Фиристода омад бари зан чу гард, Суханҳои Хусрав ҳама ёд кард. Зани шер аз он номаи шаҳрёр Чу рахшандагул шуд ба вақти баҳор. Сипаҳро ба дар хонду рӯзӣ бидод, Чу шуд рӯз равшан, буна барниҳод. Чу омад ба наздикии шаҳри шоҳ, Сипоҳе пазира шудандаш ба роҳ. Зи раҳ чун ба даргоҳ шуд, бор ёфт, Дили тоҷвар пур зи тимор ёфт. Биёвард аз он пас нисоре гарон, Ҳам он кас, ки буданд бо ӯ сарон. Ҳама ганҷу он хоста пеш бурд, Якояк ба ганҷури шаҳ баршумурд. Зи динору аз гавҳари шоҳвор Кас онро надонист кардан шумор. Зи дебои зарбафту тоҷу камар, Ҳамон тахти заррину заррин сипар.