Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

962. ҲУНАР НАМУДАНИ ГУРДИЯ НАЗДИ ХУСРАВ

Ду ҳафта баромад, бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ба хуршеду моҳу ба тахту кулоҳ, Ки баргӯй аз он ҷанги хоқониён Бубандӣ чунон ҳам камар бар миён». Бад-ӯ гуфт:«Шоҳо, анӯша бадӣ, Равонро ба дидор тӯша бадӣ. Бифармой, то аспу зин оваранд, Камону каманду камин оваранд. Ҳамон найзаву хӯду хафтони ҷанг, Яке таркаш оганда тири хаданг». Парастандаеро бифармуд шоҳ, Ки дар боғи Гулшан биёрой гоҳ. Бирафтанд бедордил бандагон, Зи турку зи румӣ парастандагон. Зи хубони Хусрав ҳазору дувист, Ту гуфтӣ, ба боғ - андарун роҳ нест. Чу хуршед Ширин ба пеш - андарун Хиромон ба болои симинсутун. Пиёда хиромон зи ҷои нишаст, Камар бар миён баста, найза ба даст Бишуд Гурдия то ба наздики шоҳ, Зиреҳ хост аз турку румӣ кулоҳ. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: «Дастур бош, Яке чашм букшо, зи бад дур бош». Бад-он пурҳунар зан бифармуд шоҳ, Ки ояд ба наздики аспи сиёҳ. Буни найзаро бар замин барниҳод, Ба болои зин андаромад чу бод. Ба боғ - андар овардгоҳе гирифт, Чапу рост бегона роҳе гирифт. Ҳаме ҳар замон асп баргоштӣ В-аз абри сияҳ наъра бугзоштӣ. Бад-ӯ гуфт: «Ҳангоми разми Тувург Бар ин гуна будам чу арғундагург». Чунин гуфт Ширин, ки «эй шаҳрёр, Ба душман диҳӣ олати корзор, Ки хуни бародар ба ёд оварад, Битарсам, ки корат ба бод оварад.