963. ДАР САБАБИ ХАРОБ ШУДАНИ ШАҲРИ РАЙ
Баромад бар ин низ рӯзе дароз,
Нагашт ахтари номвар ҷуз ба ноз.
Шабе май ҳаме хӯрд бо мӯбадон,
Бузургони корозмуда радон
Бад-он маҷлис - андар яке ҷом буд,
Набишта бар ӯ номи Баҳром буд.
Бифармуд, то ҷом биндохтанд,
Бар он ҳар касе дил бипардохтанд.
Гирифтанд нафрини Баҳром - бар
Бар он ҷому созандаи ҷом - бар.
Чунин гуфт, к-«акнун бару буми Рай
Бикӯбанд пилони ҷангӣ ба пай.
Ҳама мардум аз шаҳр берун кунанд,
Ҳаме Рай ба пай дашти ҳомун кунанд.
Гаронмоя дастур бо шаҳрёр,
Чунин гуфт, к–«эй аз каён ёдгор!
Нигаҳ кун, ки шаҳре бузург аст Рай,
Нашояд, ки кӯбанд пилон ба пай,
Ки Яздон бад-ин кор ҳамдостон
Набошад, на ҳам бар замин ростон».
Ба дастур гуфт он замон шаҳрёр,
Ки «бадгавҳаре боядам бетабор,
Ки якчанд бошад ба Рай марзбон
Яке марди бедониши бадзабон».
Бад-ӯ гуфт дастур: «Гар шаҳрёр
Бигӯяд нишони чунин нобакор,
Биҷӯям ва инро ба ҷой оварам,
Нашояд, ки бераҳнамой оварам».
Чунин гуфт Хусрав, ки «бисёргӯй
Нажандахтаре боядам сурхмӯй.
Танаш зишту бинӣ кажу рӯй зард,
Бадандешу кӯтоҳу дил пур зи дард.
Ҳам он баддилу сифлаву бефурӯғ,
Сараш пур зи кину забон пурдурӯғ,
Ду чашмаш ҳамон сурху дандон бузург,
Ба роҳ - андарун каж равад ҳамчу гург».
Ҳама мӯбадон монда з-ӯ дар шигифт,
Ки то ёди Хусрав чунин чун гирифт?