964. БОЗӢ СОХТАНИ ГУРДИЯ ПЕШИ ХУСРАВ ВА БАХШИДАНИ ХУСРАВ РАЙРО БА Ӯ
Чунин, то биёмад маҳи Фарвадин,
Биёрост гулбарг рӯи замин.
Сиришки сари абр чун жола гашт,
Ҳама кӯҳу ҳомун пур аз лола гашт.
Ҳама роғҳо шуд чу пушти паланг,
Замин ҳамчу дебои румӣ ба ранг.
Бузургон ба бозӣ ба боғ омаданд,
Ҳамон мешу оҳу ба роғ омаданд.
Чу Хусрав кушода дари боғ дид,
Ҳама чашмаи боғ пурмоғ дид.
Бифармуд, то бардамиданд буқ
Биёвард пас таштҳои халуқ.
Нишастанду бар сабза май хостанд,
Ба шодӣ забонро биёростанд.
Биёвард пас Гурдия гурбаке,
Ки пайдо набуд гурба аз кӯдаке.
Бар аспе нишонда ситоме ба зар,
Ба зар-андарун чанд гуна гуҳар.
Фурӯ ҳишта аз гӯши ӯ гӯшвор,
Ба нохун-бар аз лола кард[а] нигор.
Ба дида чу қору ба рух чун баҳор,
Чу майхӯрдае чашми ӯ пурхумор.
Ҳаме тохт чун кӯдаке гирди боғ,
Фурӯ ҳишта аз аспи заррин ҷуноғ.
Лаби шоҳи Эрон пур аз ханда гашт,
Ҳама меҳтар он хандаро банда гашт.
Або Гурдия гуфт, к-«аз орзуй
Чӣ хоҳӣ, бигӯй, эй зани некхӯй?»
Зани чорагар бурд пешаш намоз,
Чунин гуфт, к-«эй шоҳи гарданфароз,
Ба ман бахш Райро, хирад ёд кун,
Дили ғамгинон аз ғам озод кун.
Зи Рай мардаки шумро бозхон,
Варо марди бадкеши бадсоз хон.
Ҳаме гурба аз хон берун кунад,
Якояк ҳама новадон барканад».
Бихандид Хусрав зи гуфтори зан,
Бад-ӯ гуфт к-«эй шӯхи лашкаршикан!