965. БАХШ КАРДАНИ ХУСРАВ ПОДШОҲИИ ХУД ВА ЛАШКАР ФИРИСТОДАН БА МАРЗҲОИ ЭРОН
В-аз он пас чу густурда шуд дасти шоҳ,
Саросар ҷаҳон шуд варо некхоҳ.
Ҳама тоҷдорон-ш кеҳтар шуданд,
Ҳама кеҳтарон з-ӯ тавонгар шуданд.
Гузин кард аз Эрон чилу ҳашт ҳазор
Ҷаҳондидаву гурду ҷангӣ савор.
Дари ганҷҳои куҳан баркушод,
Ки бинҳод Пирӯзу фаррух Қубод.
Ҷаҳонро бубахшид бар чор баҳр,
Якояк ҳама номзад кард шаҳр.
Аз он номдорон даҳу ду ҳазор,
Саворони ҳушёру ханҷаргузор,
Фиристод Хусрав сӯи марзи Рум,
Нигаҳбони он фаррух ободбум.
Бад-он то зи Рум андар Эрон сипоҳ
Наёяд, ки кишвар шавад з-ӯ табоҳ.
Магар ҳар касе бар кунад марзи хеш,
Бидонад сари мояву арзи хеш.
Ҳам аз номдорон даҳу ду ҳазор
Ҳама ҷангҷӯй аз дари корзор.
Бад-он то сӯи Зобулистон шаванд,
Ба буми сияҳ аз гулистон шаванд.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«он к-ӯ зи роҳ
Бигардад, надорад забонро нигоҳ.
Ба чарбӣ мар ӯро ба роҳ оваред,
К-аз ин бугзарад, банду чоҳ оваред.
Ба ҳар сӯ фиристед корогаҳон,
Бад-он то намонад сухан дар ниҳон.
Талоя бибояд ба рӯзу шабон,
Махуспед дар хайма бепосбон.
Зи лашкар даҳу ду ҳазори дигар
Диловар бузургони пархошх(в)ар
Бихонду басе пандҳо додашон,
Ба роҳи Алонон фиристодашон.
Бад-эшон супурд он дари Бохтар,
Бад-он то набошад зи душман гузар.
Бад-он саркашон гуфт: «Бедор бед,
Ҳама дар паноҳи ҷаҳондор бед.