966. ЗОДАНИ ШИРӮЯ - ПИСАРИ ХУСРАВ БА ФОЛИ БАД
Чу бар подшоҳиш шуд панҷ сол,
Ба гетӣ саросар набудаш ҳамол.
Шашум сол аз ин духти қайсар чу моҳ
Яке кӯдак омад ҳамонанди шоҳ.
Набуд он замон расм бонги намоз
Ба гӯши чунон парварида ба ноз.
Яке ном гуфтӣ мар ӯро падар,
Ниҳонӣ дигар, ошкоро дигар.
Ниҳонӣ бигуфтӣ ба гӯш - андарун,
Ҳаме хондӣ ошкор аз бурун.
Ба гӯш - андараш ном гуфто Қубод,
Ҳаме хонд Ширӯи фаррухнажод.
Чу шаб кӯдак омад, гузашта се пос,
Биёмад бари кӯдак ахтаршинос.
Аз ахтаршиносон бипурсид шоҳ,
Ки «ҳар кас, ки кард андар ахтар нигоҳ,
Чӣ диданду фарҷоми ин кор чист?
Зи зич ахтари ин ҷаҳондор чист?
Чунин дод посух ситорашумар,
Ки «бар чархи гардон наёбӣ гузар.
Аз ин кӯдак ошӯб гирад замин,
Нахонад сипоҳаш бар ӯ офарин.
Ҳам аз роҳи Яздон бигардад ба низ,
Аз ин бештар чун сароем чиз».
Дили шоҳ ғамгин шуд аз корашон
В-аз он носазовор гуфторашон.
Ниҳода бар он баста бар мӯҳри шоҳ,
Ки «беҳ з-ин кунед ин суханро нигоҳ.
Нигар, то нагардад забонтон бар ин
Ба пеши бузургони Эронзамин.
Ҳаме дошт он ахтари бад нигоҳ,
Ниҳода бар он, баста бар мӯҳри шоҳ.
Пурандеша шуд з-ин сухан шаҳрёр,
Бад-он ҳафта касро надоданд бор.
Зи нахчиру аз май ба як сӯ кашид,
Бад-он чанд гаҳ рӯи ӯ кас надид.
Ҳама меҳтарон пеши мӯбад шуданд,
Зи ҳар гунае достонҳо заданд.