967. НОМА НАБИШТАНИ ХУСРАВ БА ҚАЙСАР ВА ПОСУХИ ҚАЙСАР ВА ХОСТАНИ Ӯ ДОРИ МАСЕҲ
Ба қайсар яке нома фармуд шоҳ,
Ки барнеҳ сазовори шоҳӣ кулоҳ,
Ки Марям писар зод маҳваш яке,
Ки ҳар кас надидӣ чун ӯ кӯдаке.
Нашояд магар донишу бахтро
В-агар дар ҳунар бахшишу тахтро.
Чу ман шодмонам, ту шодон бизӣ,
Ки шодиву гарданкаширо сазӣ.
Чу он нома наздики қайсар расид,
Нигаҳ карду тавқеи Парвиз дид.
Бифармуд, то говдум бар дараш
Заданду пур аз бонг шуд кишвараш.
Бубастанд озин ба бероҳу роҳ
Бар овози Ширӯи Пирӯзшоҳ.
Баромад ҳам овози ромишгарон,
Ҳама шаҳри Рум аз карон то карон.
Ба даргоҳ бурданд чанде салиб,
Насими гулон омаду бӯи тиб.
Ба як ҳафта з-ин гуна бо руду май
Бибуданд шодон зи Ширӯи кай.
Ба ҳаштум бифармуд, то корвон
Биёмад ба даргоҳ бо сорвон.
Сад уштур ба ганҷи дирам бор кард,
Чу панҷаҳ дигар бор динор кард.
Зи дебои зарбафти румӣ дувист,
Ки гуфтӣ зи зар ҷомаро тор нест.
Чиҳил хони заррини поя бусад,
Чунон к-аз дари шаҳрёрӣ сазад.
Ҳамон чанд заррину симин дада,
Ба гавҳар бару чашмашон озада.
Ба Марям фиристод чанде гуҳар,
Яке парра товус карда ба зар.
Чи аз ҷомаи нарму румӣ ҳарир,
Зи дурру забарҷад яке обгир
Ҳамон божи кишвар, ки буд чор бор,
Зи динори румӣ ҳазорон ҳазор
Фиристод бо марди румӣ чиҳил,
Куҷо ҳар чиҳил буд бедордил.