968. ПОСУХИ НОМАИ ҚАЙСАР АЗ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Чу як моҳ шуд, нома посух навишт,
Суханҳои бомағзу фаррух навишт.
Сари нома гуфт офарини меҳон,
Бар он бод, к-ӯ пок дорад ниҳон.
Баду нек бинад зи Яздони пок
В-аз ӯ дорад андар ҷаҳон тарсу бок.
Кунад офарин бар худованди меҳр,
К-аз ин гуна бар пой дорад сипеҳр.
Нахуст он ки кардӣ ситоиш маро,
Ба нома намудӣ ниёиш маро.
Бидонистаму шод гаштам бар он
Сухан гуфтани тоҷвар бихрадон.
Пазируфтам ин номвар ганҷи ту,
Нахоҳам, ки чандон бувад ранҷи ту.
Азеро ҷаҳондори Яздони пок
Бароварда буми туро аз симок.
Зи Ҳинду зи Сақлобу Чину Хазар
Чунин арҷманд омад он буму бар.
Чи мардӣ, чи дониш, чи парҳезу дин
Зи Яздон шуморо расид офарин.
Чу кор омадам, пеш ёр омадӣ,
Ба ҳар донише ғамгусор омадӣ.
Чунин шод будам зи пайванди ту,
Бад-ин пурҳунар покфарзанди ту,
Ки меҳтар набошад зи фарзанди хеш,
Зи буму бару пок пайванди хеш.
Ҳама меҳтарон рӯй баргоштанд,
Маро дар ҷаҳон хор бугзоштанд.
Ту танҳо ба ҷои падар будиям,
Ҳамон аз падар бештар будиям.
Ҳамон ҳамчунон дорам акнун, ки шоҳ
Падар бинад озодаву некхоҳ.
Дигар ҳар чӣ гуфтӣ зи покиза дин,
Зи якшанбадӣ рӯзаву офарин
Ҳама хонд бар мо якояк дабир
Суханҳои шоиставу дилпазир.
Ба мо-бар зи дини куҳан нанг нест,
Ба гетӣ беҳ аз дини Ҳушанг нест.