969. ДОСТОНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ШИРИН
Оғози достон
Куҳан гашта ин номаи бостон
Зи гуфтору кирдори он ростон.
Ҳаме номаи нав кунам з-ин нишон,
Куҷо ёдгор аст аз он саркашон.
Бувад бист шаш бор бевар ҳазор
Суханҳои шоиставу ғамгусор.
Набинад касе номаи порсӣ,
Навишта ба абёт сад бор сӣ.
Агар бозҷӯӣ аз ӯ байти бад,
Ҳамоно ки кам бошад аз понсад.
Чунин шаҳрёреву бахшандае,
Ба гетӣ зи шоҳон дурахшандае
Накард андар ин достонҳо нигоҳ,
Зи бадгӯву бахти бад омад гуноҳ.
Ҳасад бурд бадгӯй дар кори ман,
Табаҳ шуд бари шоҳ бозори ман.
Чу солори шоҳ ин суханҳои нағз
Бихонад, бубинад ба покиза мағз.
Зи ганҷаш ман эдар шавам шодмон,
К-аз ӯ дур бодо бади бадгумон!
В-аз он пас кунад ёд бар шаҳрёр,
Магар тухми ранҷи ман ояд ба бор.
Ки ҷовид бод афсару тахти ӯ,
Зи хуршед тобандатар бахти ӯ.
Чунин гуфт донанда деҳқони пир,
Ки дониш бувад мардро дастгир.
Ғаму шодмонӣ бибояд кашид,
Зи ҳар талху шӯре бибояд чашид.
Ҷавонони дорандаву богуҳар
Нагиранд беозмоиш ҳунар.
Чу Парвиз нопок буду ҷавон,
Падар зиндаву пур чун паҳлавон,
Варо бар замин дӯст Ширин будӣ,
Бар ӯ-бар чу равшан ҷаҳонбин будӣ.
Писандаш набудӣ ҷуз ӯ дар ҷаҳон
Зи хубону аз духтарони меҳон.
Бад-он гаҳ, ки шуд бар ҷаҳон шаҳрёр,