Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

970. РАФТАНИ ХУСРАВ БА ШИКОР ВА ДИДАНИ ШИРИН ВА ФИРИСТОДАНАШ БА МУШКӮИ ХУД

Чунон шуд, ки як рӯз Парвизшоҳ Ҳаме орзу кард нахчиргоҳ. Биёрост бар сони шоҳаншаҳон, Ки буданд аз ӯ пештар дар ҷаҳон. Чу болой сесад ба зарринситом Бибурданд бо Хусрави некном. Ҳазору саду шаст хусравпараст Пиёда ҳаме рафт жӯпин ба даст. Ҳазору чиҳил чӯбу шамшер дошт, Ки дебо зи барру зиреҳ зер дошт. Пас-андар давон ҳафтсад боздор Або вошаву чарғу шоҳини кор. В-аз он пас бирафтанд сесад савор Пас аз боздорон ҳама юздор. Ба занҷир ҳафтод шеру паланг Ба дебои Чин-андарун баста танг. Палангону шерони омӯхта Ба занҷири заррин даҳон дӯхта. Қалода ба зар ҳафтсад буд саг, Ки дар дашт оҳу гирифтӣ ба таг. Пас-андар зи ромишгарон ду ҳазор Ҳама сохта руд рӯзи шикор. Ба зер-андарун ҳар яке уштуре, Ба сар барниҳода зи зар афсаре. Зи курсиву хиргоҳу пардасарой, Ҳамон хаймаву охури чорпой. Шутур буд пеш-андарун понсад, Ҳама карда он расмро номзад. Дусад барда то миҷмар афрӯхтанд, Бар ӯ уду анбар ҳаме сӯхтанд. Дусад марди барно зи фармонбарон, Ҳама бо гулу наргису заъфарон. Ҳаме пеш бурданд, то бод бӯй Чу ояд зи ҳар сӯ, расонад бад-ӯй. Ҳам аз пеши он кас, ки бо бӯи х(в)аш Ҳаме рафт бо машк сад обкаш. Ҳама раҳ ҳаме обро барзаданд, Ту гуфтӣ, гулобе ба анбар заданд,