971. ПАНД ДОДАНИ БУЗУРГОН ХУСРАВРО
Чу огоҳӣ омад зи Хусрав ба роҳ
Ба назди бузургону назди сипоҳ,
Ки Ширин ба мушкуи Хусрав шудаст,
Куҳанбуда коре чунин нав шудаст!
Ҳама шаҳр аз он кор ғамгин щуданд,
Пурандешаву дарду нафрин шуданд.
Бирафтанд наздики Хусрав се рӯз,
Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз
Фиристод Хусрав, меҳонро бихонд,
Ба гоҳи гаронмоягон барнишонд.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«ин рӯз чанд
Надидам шуморо, шудам мустаманд».
Ҳаме гуфту посух надод эҷ кас,
Зи гуфтан забонҳо бубастанду бас.
Ҳар он кас, к-аз ӯ дошт озору хашм,
Якояк ба мӯбад намуданд чашм.
Чу мӯбад чунон дид, бар пой хост,
Ба Хусрав чунин гуфт, к-«эй роду рост!
Ба рӯзи ҷавонӣ будӣ шаҳрёр,
Басе неку бад дидӣ аз рӯзгор.
Шунидӣ басе неку бад дар ҷаҳон,
Зи кори бузургону кори меҳон.
Кунун тухмаи меҳтар олуда гашт,
Бузургӣ аз он тухма полуда гашт.
Падар поку модар бувад бадҳунар,
Чунон дон, ки покӣ наёбад писар.
Зи кажжӣ наҷӯяд касе ростӣ,
Ки аз ростӣ барканад остӣ.
Дили мо ғамӣ шуд зи деви сутург,
Ки шуд ёр бо шаҳрёри бузург.
Ба Эрон агар зан набудӣ ҷуз ин,
Ки Хусрав ба ӯ хондӣ офарин.
Чу Ширин набудӣ ба мушкуи ӯй,
Ба ҳар ҷой равшан будӣ рӯи ӯй.
Ниёконат он донишӣ ростон
Накарданд ёд аз чунин достон».
Чу гашт он суханҳои мӯбад дароз,
Шаҳаншоҳ посух надод эч боз.