Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

972. КУШТАНИ ШИРИН МАРЯМРО ВА БАНД КАРДАНИ ХУСРАВ ШИРӮЙРО

Аз ин пас фузун шуд бузургии шоҳ, Чу хуршед гашт он, куҷо буд моҳ. Ҳама рӯз бо духти Қайсар будӣ, Ҳамон дар шабистон-ш меҳтар будӣ. Зи Марям ҳаме буд Ширин бадард, Ҳамеша зи рашкаш ду рухсора зард. Ба фарҷом Ширин варо заҳр дод, Шуд он духтари хуби қайсарнажод. Аз он кор огаҳ набуд ҳеҷ кас, Ки ӯ дошт он роз танҳову бас. Чу соле баромад, ки Марям бимурд, Шабистони заррин ба Ширин супурд. Чу Ширӯйро сол шуд бар ду ҳашт, Ба боло зи сисолагон баргузашт. Биёвард фарзонагонро падар, Бад-он то шавад номвар бо ҳунар. Ҳаме дошт мӯбад мар ӯро нигоҳ Шабу рӯз шодон ба фармони шоҳ. Чунон буд, ки як рӯз мӯбад зи тахт Биёмад ба наздики он некбахт. Чу омад ба наздики Ширӯй боз, Ҳамеша ба бозиш дидӣ ниёз. Яке дафтаре дид пеш-андараш, Набишта Калила бар он дафтараш. Ба дасти чапи он ҷавони сутург Бурида яке хушк чанголи гург. Суруи сари говмеше ба рост, Ҳаме ин бар он барзадӣ, чунки хост. Ғамӣ шуд дили мӯбад аз кори ӯй, Зи бозиву беҳуда кирдори ӯй. Ба фолаш бад омад ҳаме чанги гург, Шахи гову ройи ҷавони сутург. Зи кори замона ғамӣ гашт сахт, Аз ин бадманиш кӯдаки шӯрбахт, Ки ӯ толеи зоданаш дида буд, Зи дастуру ганҷур пурсида буд. Сӯи мӯбадонмӯбад омад, бигуфт, Ки «бозист бо он гаронмоя ҷуфт».