Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

973. ДОСТОНИ СОХТАНИ ХУСРАВ ТОҚИ ВИСРО

Кунун достонгӯй дар достон Аз он якдилу якзабон ростон Зи тахте, ки хонӣ варо тоқи Вис, Ки бинҳод Парвиз дар Испарис, Сари мояи он зи Заҳҳок буд, Ки нопорсо буду нопок буд. Ба гоҳе ки рафт Офаридуни гурд В-аз он тозиён номи мардӣ бибурд. Яке мард буд дар Дамовандкӯҳ, Ки шоҳаш ҷудо доштӣ аз гурӯҳ. Куҷо Ҷаҳ Барзин будӣ номи ӯ, Расида ба ҳар кишваре коми ӯ. Яке номвар шоҳро тахт сохт, Гуҳар гирд бар гирди ӯ барнишохт, Ки шоҳ Офаридун бад-ӯ шод шуд, Чу он тахти пурмоя обод шуд. Дирам дод мар Ҷаҳнро сӣ ҳазор, Яке тоҷи заррину ду гӯшвор. Ҳамаш аҳди Сориву Омул набишт, Ки буд марзи маншури ӯ чун биҳишт. Бад-он гаҳ, ки Эрон ба Эраҷ супурд, К-аз он номдорон ӯ буд хурд. Ҷаҳондор-шоҳ Офаридун се чиз Бар он подшоҳӣ барафзуд низ. Яке тахту он гурзаи говсор, Ки монд он сухан дар ҷаҳон ёдгор. Се дигар куҷо Ҳафтчашма гуҳар, Ҳаме хондӣ номи ӯ додгар. Чу Эраҷ бишуд, з-ӯ бимонд он се чиз, Ҳамон шод буд з-он Манучеҳр низ. Ҳар он кас, ки ӯ тоҷи шоҳӣ бисуд, Бар он тахт чизе ҳаме барфузуд. Чу омад ба Кайхусрави некбахт, Фаровон бияфзуд болои тахт. Бар ин ҳамнишон то ба Лӯҳросп шуд В-аз ӯ ҳамчунин то ба Гуштосп шуд. Чу Гуштосп он тахтро дид, гуфт, Ки «кори бузургон нашояд нуҳуфт».