Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

974. ДОСТОНИ БОРБАДИ РОМИШГАР

Ҳаме ҳар замон шоҳ бартар гузашт, Чу шуд соли шоҳиш бар бисту ҳашт. Касеро набуд бар дараш кори бад, Зи даргоҳаш огоҳ шуд Борбад. Бад-ӯ гуфт ҳар кас, ки «шоҳи ҷаҳон Гузидаст ромишгарон аз меҳон, Ки гар бо ту ӯро баробар кунанд, Туро бар сари Саркаш афсар кунанд». Чу бишнид мард он, биҷӯшид оз, Агарчи набудаш ба чизе ниёз. Зи кишвар бишуд то ба даргоҳи шоҳ, Ҳаме кард ромишгаронро нигоҳ. Чу бишнид Саркаш, дилаш тира гашт, Ба захми суруд-андарун хира гашт. Биёмад ба наздики солори бор, Дирам карду динор чанде нисор. Бад-ӯ гуфт: «Ромишгаре бар дар аст, Ки аз ман ба солу ҳунар бартар аст. Набояд, ки дар пеши Хусрав шавад, Ки мо кӯҳна гаштему ӯ нав шавад». Зи Саркаш чу бишнид дарбони шоҳ, Зи ромишгари сода барбаст роҳ. Чу рафтӣ ба наздики ӯ Борбад, Ҳамаш кор бад буд, ҳамаш бор бад. Чу навмед баргашт аз он боргоҳ, Або барбат омад сӯи боғи шоҳ. Куҷо боғбон буд Мардӯй ном, Шуд аз диданаш Борбад шодком. Бад-он боғ рафтӣ ба Наврӯз шоҳ, Ду ҳафта бибудӣ бад-он ҷашнгоҳ. Сабук Борбад назди Мардӯй шуд, Ҳамон рӯз бо мард ҳамбӯй шуд. Чунин гуфт бо боғбон Борбад, Ки «гӯё ту ҷониву ман колбад. Кунун орзу хоҳам аз ту яке, Ки он ҳаст назди ту сахт андаке: Чу ояд бад-ин боғ шоҳи ҷаҳон, Маро роҳ деҳ, то бубинам ниҳон,