Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

975. СОХТАНИ ХУСРАВ АЙВОНИ МАДОИНРО

Чунин гуфт равшандиле порсӣ, Ки бугзошт бо коми дил чор сӣ, Ки Хусрав фиристод касҳо ба Рум, Ба Ҳинду ба Чину ба обод бум. Бирафтанд коригарон се ҳазор, Зи ҳар кишваре ҳар кӣ буд номдор. В-аз эшон ҳар он кас, ки устод буд, Зи хишту зи гаҷ дар дилаш ёд буд. Чу сад мард берун шуданд аз миён, Зи Аҳвозу Эрону аз румиён. В-аз эшон диловар гузиданд сӣ, Аз он сӣ ду румӣ, дигар порсӣ. Гаронмоя румӣ, ки буд ҳандасӣ, Ба гуфтор бугзашт аз порсӣ. Бари Хусрав омад ҷаҳондида мард, Бар ӯ кору захми бино ёд кард. Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин зи ман дарпазир, Сухан ҳар чӣ гӯям, зи ман ёд гир. Яке ҷой хоҳам, ки фарзанди ман Ҳамон то дусад сол пайванди ман Нишинад бад-ӯ-дар нагардад хароб, Зи борону аз барқу аз офтоб. Муҳандис бипазруфт айвони шоҳ, Бад-ӯ гуфт: «Ман дорам ин дастгоҳ». Фурӯ бурд бунёд даҳ шоҳраш, Ҳамон шоҳраш панҷ карда бараш. Зи сангу зи гаҷ буд бунёди кор, Чунин хоҳад он, к-ӯ диҳад доди кор. Чу девори айвонаш омад ба ҷой, Биёмад ба пеши ҷаҳонкадхудой, Ки гар шоҳ донад яке кордон, Гузашта бар ӯ солу бисёрдон. Фиристад тане чанд бар ҷойгоҳ, Писандида бо мӯбади некхоҳ. Бад-ӯ дод аз он гуна мардум, ки хост, Бирафтанду диданд девор рост. Бирешим биёвард, то анҷуман Битобанд бориктобе расан.