976. ГУФТОР АНДАР БУЗУРГИИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Ҳар он кас, ки ӯ дафтари шоҳ хонд,
Зи гетиш доман бибояд фишонд.
Сазад, гар бигӯям яке достон,
Ки бошад хирадманд ҳамдостон.
Мабодо, ки густох бошӣ ба даҳр,
Ки аз пойзаҳраш фузун аст заҳр.
Сарои сипанҷ аст бар роҳрав,
Ту гардӣ куҳан, дигар оянд нав.
Яке андар ояд, дигар бугзарад,
Замоне ба манзил чамад, гар чарад.
Чу бархезад овози табли раҳил,
Ба хок андарояд сари мӯру пил.
Зи Парвиз чун достоне шигифт,
Зи ман бишнавӣ, ёд бояд гирифт,
Ки чунон сазовориву дастгоҳ,
Бузургиву аврангу фарру сипоҳ,
К-аз он бештар нашнавӣ дар ҷаҳон,
Агарчанд пурсӣ зи дономеҳон.
Зи Тӯрону аз Чину аз Ҳинду Рум,
Зи ҳар кишваре, к-он буд ободбум.
Ҳаме бож бурданд наздики шоҳ,
Ба рахшандарӯзу шабони сиёҳ.
Ғулому парастанда аз ҳар даре,
Зи дурру зи ёқуту ҳар гавҳаре.
Зи динору ганҷаш карона набуд,
Чун ӯ хусрав андар замона набуд.
Зи шоҳину аз бозу паррон уқоб,
Зи шеру палангу наҳанг андар об
Ҳама баргузиданд паймони ӯй,
Чу хуршед равшан шудӣ ҷони ӯй.
Нахустин, ки бинҳод ганҷи Арӯс,
Зи Чину зи Бартосу аз Ҳинду Рус.
Дигар ганҷ Бодовараш хонданд,
Шумораш бикарданду дармонданд.
Дигар он ки номаш ҳаме бишнавӣ,
Ту хонӣ варо Дебаи хусравӣ.
Дигар номвар ганҷи Афросиёб,
Ки касро набуд он ба хушкиву об.