977. ДАР БЕДОДӢ КАРДАНИ ХУСРАВ ВА НОСИПОСИИ СИПОҲИ Ӯ
Бад-он номвар тахту ҷои меҳӣ,
Бузургиву дайҳими шоҳаншаҳӣ
Ҷаҳондор ҳамдостонӣ накард,
Зи Эрону Тӯрон баровард гард.
Чунон додгар шоҳ бедод гашт,
Зи бедодии кеҳтарон шод гашт.
Биёмад фарухзоди Озармакон,
Дижамруй бо зердастон жакон.
Биёрост бар хештан ранҷи нав,
Накард орзу ҷуз ҳама ганҷи нав.
Зи ҳар кас ҳаме хоста бистадӣ,
Ҳаме он бар ин, ин бар он барзадӣ.
Ба нафрин шуд он офаринҳои пеш,
Ки чун гурги бедодгар гашт меш.
Чу бенону беобу бетан шуданд,
Аз Эрон сӯи шаҳри душман шуданд.
Ҳар он кас, ки аз баттарӣ ёфт баҳр,
Ҳаме дуду нафрин баромад зи шаҳр.
Яке беҳунар буд номаш Гуроз,
К-аз ӯ ёфтӣ кому орому ноз,
Ки будӣ ҳамеша нигаҳбони Рум,
Яке девсар буд бедоду шум.
Чу шуд шоҳи бодод бедодгар,
Аз Эрон нахуст ӯ бупечид сар.
Дигар Зодфаррух, ки номӣ будӣ,
Ба наздики Хусрав гиромӣ будӣ.
Наёраст кас рафт наздики шоҳ,
Магар Зодфаррух будӣ борхоҳ.
Шаҳаншоҳро чун пур омад қафиз,
Дили Зодфаррух табаҳ гашт низ.
Яке гашт бо солхӯрда Гуроз,
Зи кишвар ба кишвар бипайваст роз.
Гурози сипаҳбад яке нома кард,
Ба қайсар варо низ бадкома кард.
Бад-ӯ гуфт: «Бархезу Эрон бигир,
Нахустин ман оям туро дастгир».
Чу он нома бархонд қайсар, сипоҳ
Фароз оварид аз пайи размгоҳ.