978. БАРГАШТАНИ ЛАШКАРИ ЭРОН АЗ ХУСРАВ ВА РАҲО КАРДАНИ ШИРӮЯ АЗ БАНД
Чу огоҳ шуд з-он сухан шаҳрёр,
Ҳаме дошт ин кори душвор хор.
Бидонист, к-он ҳаст кори Гуроз,
Ки гуфтаст бо қайсари размсоз.
Бад-он к-аш ҳаме хонду ӯ чора ҷуст,
Ҳаме дошт он номаи шоҳ суст.
Зи Парвиз тарсон бад-он буд нишон,
Зи даргоҳи ӯ ҳам зи гарданкашон.
Шаҳаншоҳ биншаст бо меҳтарон,
Ҳар он кас, ки буданд аз Эрон сарон.
Аз андешаи пок дилро бишуст,
Фаровон зи ҳар гунае чора ҷуст.
Чу андешаи равшан омад фароз,
Яке нома бинвишт сӯи Гуроз,
Ки аз ту писандидам ин коркард,
Сутудам туро сӯи мардони мард.
Зи кирдорҳо барфузудӣ фиреб,
Сари қайсар овардӣ андар нишеб.
Чу ин нома оранд наздики ту,
Пурандеша кун ройи борики ту.
Ҳаме бош, то ман биҷунбам зи ҷой,
Ту бо лашкари хеш бугзор пой.
Чу з-ин рӯю з-он рӯй бошад сипоҳ,
Шавад дар миён ройи қайсар табоҳ.
Ба Эрон варо дастгир оварем,
Ҳама румиёнро асир оварем.
Зи даргаҳ яке чорагар баргузид,
Сухангӯю доно чунон чун сазид.
Бад-ӯ гуфт, к-«ин нома андар ниҳон
Ҳаме бар ба кирдори корогаҳон.
Чунон рав, ки бинад-т румӣ касе,
Ба раҳ-бар сухан пурсад аз ту басе.
Бигирад туро, назди қайсар барад
В-агар назди солори лашкар барад.
Бипурсад туро, аз куҷоӣ, бигӯй,
Бигӯяш, ки ман кеҳтаре чораҷӯй.
Бипаймудам ин ранҷи роҳи дароз,
Яке нома дорам ба сӯи Гуроз.