Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

979. РАҲО КАРДАНИ САРОН ШИРӮЯРО ЗИ БАНД

Бидонист ҳам Зодфаррух, ки шоҳ Зи лашкар ҳама з-ӯ шиносад гуноҳ. Чу омад бурун ин бадандеши шоҳ, Наёраст шуд низ дар пешгоҳ. Ба дар-бар ҳаме буду бо ҳар касе Ҳаме кард аз он озмоиш басе. Ҳаме сохт ҳамвора, то он сипоҳ Бупечид як-як зи фармони шоҳ. Ҳаме ронд бо ҳар касе достон, Шуданд андар он кор ҳамдостон, Ки шоҳе дигар барнишонад ба тахт, К-аз ин дур шуд фарру оину бахт. Бари Зодфаррух яке пир буд, Ки дар корҳо кардан ожир буд. Чунин гуфт бо Зодфаррух, ки «шоҳ Ҳаме аз ту бинад гуноҳи сипоҳ. Кунун то яке шаҳрёре падид Наёрӣ, фузун з-ин набояд ҷаҳид, Ки ин буми обод вайрон шавад, Аз ошӯб Эрон чу Нерон шавад. Нигаҳ кард бояд ба фарзанди ӯй, Кадом аст бошарму бегуфтугӯй. Варо шод бар тахт бояд нишонд, Бар он тоҷ динор бояд фишонд. Чу Ширӯи бедор меҳтарписар Ба зиндон бувад, кас набояд дигар». Ҳаме рой зад з-ин нишон ҳар касе, Бар ин рӯзу шаб барнаёмад басе, Ки бархост гарди сипоҳи Тухор, Ҳама корҳоро гирифтанд хор. Пазира шудаш Зодфаррух ба роҳ, Фаровон бирафтанд бо ӯ сипоҳ. Расиданд пас як ба дигар фароз, Сухан рафт чанд ошкорову роз. Ҳамон Зодфаррух забон баркушод, Бадиҳои Хусрав ҳаме кард ёд. Ҳаме гуфт: «Лашкар ба мардиву рой, Ҳаме кард хоҳанд шоҳе ба пой».