Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

980. ОГАҲ ШУДАНИ ХУСРАВ АЗ КОРИ СИПОҲ

Ҳамон Зодфаррух ба даргоҳ-бар Ҳаме буду касро надодӣ гузар, Ки огаҳ шудӣ з-он сухан шаҳрёр, Ба даргоҳ- бар буд як пардадор. Чу пажмурда шуд чодари офтоб, Ҳаме сохт ҳар меҳтаре ҷои хоб. Бифармуд, то посбонони шаҳр Ҳар он кас, ки аз меҳтарӣ дошт баҳр Бирафтанд яксар сӯи боргоҳ, Бад-он ҷои шодиву ороми шоҳ. Бад-эшон чунин гуфт, к-«имшаб хурӯш Дигаргунатар кард бояд, ки дӯш. Ҳама посбонон ба номи Қубод Ҳаме кард бояд ба ҳар пос ёд». Чунин дод посух, ки «эдун кунам, Зи сар номи Парвиз берун кунам». Чу шаб чодари қиргун кард нав, Зи шаҳру зи бозор бархост ғав. К-анӯша зиёд аз бузургон Қубод Ба ҳар кишваре номи ӯ бод ёд. Шаби тира шоҳи ҷаҳон хуфта буд, Ки Ширин ба болинаш ошуфта буд. Чу овози он посбонон шунид, Ғамӣ гашту шодон дилаш бардамид. Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, чӣ шояд будан? Бад-ин достоне бибояд задан?» Аз овози ӯ шоҳ бедор шуд, Дилаш з-он сухан пур зи озор шуд. Ба Ширин чунин гуфт, к-«эй моҳрӯй, Чӣ дорӣ ба хоб -андарун гуфтугӯй?» Чунин гуфт Ширин, ки «букшой гӯш, Хурӯшидани посбонон ниюш». Чу Хусрав бар он гуна ово шунид, Ба рухсора шуд чун гули шанбалид. Чунин гуфт, к-«аз шаб гузашта се пос, Биёбед гуфтори ахтаршинос, Ки ин бадкуниш чун зи модар бизод, Ниҳонӣ варо ном кардам Қубод.