981. ГИРИФТОР ШУДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БА ДАСТИ ПИСАРАШ ШИРӮЯ
Ҳаме буд Хусрав бар он марғзор,
Дарахти баландаш бар ӯ соядор.
Чу бугзашт ниме зи рӯзи дароз,
Ба нон омад он подшоро ниёз.
Ба боғ- андарун буд як пойкор,
Ки нашнохтӣ чеҳраи шаҳриёр.
Парастандаро гуфт хуршедфар,
Ки «шохе бибур з-ин гиромӣ камар».
Бад-он шох буд мӯҳраи зарр панҷ,
Ба мӯҳра зи гавҳар басе дида ранҷ.
Чунин гуфт бо боғбон шаҳрёр,
Ки «ин мӯҳра имрӯз ояд ба кор.
Ба бозор бар, порае гӯшт хар,
Дигар нону бероҳ ҷое гузар».
Мар он гавҳаронро баҳо сӣ ҳазор
Дирам буд касеро, ки будӣ ба кор.
Сӯи нонво шуд сабук боғбон,
Бад-он шохи заррин аз ӯ хост нон.
Бад-ӯ нонво гуфт, к-«инро баҳо
Надонам, наёрам-ш кардан раҳо».
Бибурданд ҳар ду ба гавҳарфурӯш,
Ки инро баҳо кун, ба дониш бикӯш.
Чу он гавҳарон Зодфаррух бидид,
Бад-ӯ гуфт, к-«инро кӣ ёрад харид?
Чунин шох дар ганҷи Хусрав будӣ,
Бад-ин гуна ҳарсола сад нав будӣ.
Ту ин гавҳарон аз кӣ дуздидаӣ,
Гар аз бандаи хуфта бибридаӣ?!»
Сӯи Зодфаррух шуданд он се мард,
Або гавҳару зарру бо коркард.
Чу он гавҳарон Зодфаррух бидид,
Сӯи шаҳрёри нав андардавид.
Ба Ширӯй бинмуд чандон гуҳар,
Бурида яке шохи зарринкамар.
Чунин гуфт Ширӯй бо боғбон,
Ки «гар з-ин худованди гавҳар нишон
Нагӯӣ, ҳам акнун бибуррам сарат,
Ҳам онро, ки бошад зи бад гавҳарат!»