Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2508

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1651

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1390

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1350

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1035

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1020

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 984

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 804

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 786

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 750

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 697

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 689

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 673

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 660

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 644

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 643

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 609

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 596

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 589

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 570

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 557

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 543

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шони муаллим

👁 540

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Худо гар парда бардорад

👁 534

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Найнома

👁 529

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Гиромӣ чу молу қавӣ чун ҷибол,

👁 8

Гиромӣ чу молу қавӣ чун ҷибол, Накӯ чун ҷавониву хуш чун ҷамол. Куҳангашта, эй тан, наӣ, бал навӣ, Фазоянда дар гардиши моҳу сол.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Пирӯзаранг доираи осиёмисол,

👁 7

Пирӯзаранг доираи осиёмисол, Бозигарест нодираву халқ чун хаёл. Гоҳе ба ҳила хок фурӯшад ба ҷои мушк, Зӣ ӯ машав, ки то нашавӣ бар хирад вабол.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Монда ба Юмгон, ба миёни ҷибол,

👁 9

Монда ба Юмгон, ба миёни ҷибол, Нестам аз аҷзу на низ аз калол. Яксара ушшоқ мақоли мананд Дар гаҳу бегаҳ ба Хуросон риҷол.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Гусастам зи дунёи ҷофӣ амал.

👁 8

Гусастам зи дунёи ҷофӣ амал. Туро бод банду кушоди амал. Ғизолу ғазал ҳар дувон мар-туро, Наҷӯям ғизолу нагӯям ғазал.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ин бози сияҳпеса нигар бе пару чангол,

👁 11

Ин бози сияҳпеса нигар бе пару чангол, К-ӯ ҳеч на ором ҳамеёбаду на ҳол. Бе он ки бибиниш ту, хуш-хуш бирабояд Гоҳе зану фарзанду гаҳе ҷону гаҳе мол.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷаҳонро дигаргуна шуд кору бораш,

👁 9

Ҷаҳонро дигаргуна шуд кору бораш, Бар ӯ меҳрубон гашт суратнигораш. Ба дебо бипӯшид Наврӯз рӯяш, Ба лӯълӯъ бишуст абр гард аз узораш.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй хуфта ҳама умру шуда хираву мадҳуш

👁 11

Эй хуфта ҳама умру шуда хираву мадҳуш В-аз умру ҷаҳон баҳраи худ карда фаромӯш. Ҳар гаҳ ки ҳамеша дили ту беҳушу хуфта-ст, Бедор чӣ суд аст туро чашм чу харгӯш?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳар кас ба насаб нек надониву ба олаш,

👁 6

Ҳар кас ба насаб нек надониву ба олаш, Бар нисбати ӯ нест гуво беҳ зи фиъолаш. Зеро ки дарахте, ки мар-ӯро нашиносанд, Бораш хабар орад, ки чӣ будаст ниҳолаш.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Вабол аст бар мард умри дарозаш,

👁 9

Вабол аст бар мард умри дарозаш, Чу умри дарозаш фузуд андар озаш. Суи чашмаи шӯрбахтӣ шитобад, Киро оз бошад далелу нуҳозаш.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Чун гашт ҷаҳонро дигар аҳволи аёниш,

👁 15

Чун гашт ҷаҳонро дигар аҳволи аёниш, Зеро ки бигустард хазон рози ниҳониш. Бар ҳасрати шохи гул дар боғ гуво шуд, Бечорагию зардию кӯжию навониш.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй мутаҳаййир шуда дар кори хеш,

👁 10

Эй мутаҳаййир шуда дар кори хеш, Рост бинеҳ бар хат паргори хеш. Хурд шикастӣ ба дабуси тамаъ, Дар талаби тову магар тори хеш.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Мардро хор чӣ дорад? Тани хушхораш,

👁 14

Мардро хор чӣ дорад? Тани хушхораш, Чун туро хор кунад, чун накунӣ хораш? Ҳар кӣ ӯ андуҳу тимори туро кӯшад, Ту, ба хира, чӣ хурӣ андуҳу тимораш?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй туро орзуи неъмату ноз,

👁 14

Эй туро орзуи неъмату ноз, Оз карда инони аспи ниёз. Умрат аз ту гурезад аз паси оз Ту ҳаметоз дар нишебу фароз.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй куҳан гашта тану дида басе неъмату ноз,

👁 8

Эй куҳан гашта тану дида басе неъмату ноз, Рӯзи нози ту гузаштаст, бад-ӯ низ маноз. Нози дунё гузаранда-сту туро гар баҳушӣ, Сазад, ар ҳеч набошад ба чунин ноз

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳушёр бошу хуфта марав тез бар сутур,

👁 9

Ҳушёр бошу хуфта марав тез бар сутур, То н-уфтад сутури ту ногаҳ ба ҷарру лур. Мӯрӣ туву фалак ба масал жандапили маст, Дорад ҳагирз тоқат бо пили маст мӯр?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй ёри суруду оби ангур,

👁 6

Эй ёри суруду оби ангур, На ёри манӣ ба ҳаққи «Ва-т-Тур». Маъзул шудаст ҷон зи ҳар чӣ, Додаст бар он-т даҳр маншур.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй хирадманди ҳунарпешаву бедору басир,

👁 19

Эй хирадманди ҳунарпешаву бедору басир, Кист аз халқ ба наздики ту ҳушёру хатир? Гар хатир он бувадӣ, к-аш дилу бозуи қавист, Шер боистӣ бар халқи ҷаҳон ҷумла а

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй Ҳуҷҷати бисёрсухан, дафтар пеш ор

👁 14

Эй Ҳуҷҷати бисёрсухан, дафтар пеш ор В-аз нӯги қалам дурри суханҳо-т фурӯ бор. Ҳарчанд, ки бисёру дароз аст суханҳо-т, Чун хубу хуш аст, он на дароз асту на бис

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй зада такя бар баланд сарир,

👁 12

Эй зада такя бар баланд сарир, Бар сарат хаззу зери пой ҳарир. Шоир андар мадеҳ гуфта туро, Ки амиро, ҳазор сол мамир!

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Яке хона карданд бас хубу дилбар,

👁 13

Яке хона карданд бас хубу дилбар, Дар ӯ ҳамчун ӯ хона беҳадду бемар. Ба хонай меҳин-дар нишонданд ҷуфтон, Ба як ҷо ду хоҳарзану ду бародар.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй ба ҳавову муроди ин тани ғаддор,

👁 11

Эй ба ҳавову муроди ин тани ғаддор, Монда ба чанголи бози оз гирифтор. Дар ғами озат чу шир шуд сари чун қир В-он дили чун тозашири ту шуда чун қор.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй гашта ҷаҳону хонда дафтар,

👁 7

Эй гашта ҷаҳону хонда дафтар, Биндеш зи кори хеш беҳтар. Ин чархи баландро ҳамебин, Бар хоку ҳавову обу озар.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Баркун зи хоби ғафлат, пуро, сар

👁 6

Баркун зи хоби ғафлат, пуро, сар В-андар ҷаҳон ба чашми хирад бингар. Кори хар аст хобу хур, эй нодон, Бо хар ба хобу хур чӣ шавӣ дарх(в)ар?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Омад баҳору навбати саҳро шуд

👁 6

Омад баҳору навбати саҳро шуд В-ин солхӯрда гетӣ барно шуд. Оби чу нил бирка-ш майгун шуд, Саҳрои симгунаш хазро шуд.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Касе, к-аз рози ин дӯлоби пирӯза хабар дорад,

👁 7

Касе, к-аз рози ин дӯлоби пирӯза хабар дорад, Ба хобу хур чу хар умри азизи хеш нагзорад. Ҷуз он нодон, ки нангу ҷаҳл зери пайсипар кардаш, Касе худро ба коми а

Носири Хусрав
Носири Хусрав
Саҳифаи 145 аз 1002