Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй ба ҳавову муроди ин тани ғаддор,

Эй ба ҳавову муроди ин тани ғаддор, Монда ба чанголи бози оз гирифтор. Дар ғами озат чу шир шуд сари чун қир В-он дили чун тозашири ту шуда чун қор. Оз туро гул намояд, эй писар, аз дур, Лек набошад гулаш, магар ҳама ҷуз хор. Аз ту, гар ӯро амин кунӣ, биситонад Ӯ на ба бисёр чӣ зи умри ту бисёр. Бору базах оз ту бар база кардаст, Эй шуда чавгон-т пушт аз базаҳу бор! Мар-хари бадро ба тамъ коҳу ҷав орад, Зирак харбанда зери бор ба хирвор. Хар зи паси ҷав давид, ту зи паси нон, Акнун дар зери бор мерав харвор. Хор кӣ кардат ба пойгоҳи шаҳу мир, Дар талаби хобу хур ҷуз ин тани хушхор? Тан, ки туро хор кард, чунки нагӯӣ-ш, Хуш махурод он адӯ, ки кард маро хор. Чокари хешат кӣ кард, ҷуз гулуи ту, Инат, валлаҳ, бузургу зишт яке ор. Гар ту бидонистие, ки фазли ту бар хар Чист, куҷо мондие нажанду шикамхор! Фазли ту бар гову хар ба ақлу сухан буд, Ақлу сухан нест ҷуз, ки ҳадяи ҷаббор. Ақлу сухан мар-туро ба кор кай ояд, Чун ту ба май маст кардаӣ дили ҳушёр. Кори хирад чиз нест, ҷуз ҳама тадбир, Кори сухан низ нест ҷуз ҳама гуфтор. Умри туро чун ба муши хеш ҷаҳон хӯрд, Хоҳӣ ту Амр бошу хоҳӣ Аммор. Кардӣ тадбир ту, валек ҳама бад Гуфтӣ, лекин суруди ёфаву бекор. Чунки хирадро далели хеш накардӣ, Барнарасидӣ зи гашти гунбади даввор? Ҳеч нагуфтӣ, к-ин кӣ карду чаро гуфт, Кори азим аст, чист оқибати кор? Ман ба чӣ корам Худойро, ки бибоист Кардан чандин ҳазор кори беовор.