Эй гашта ҷаҳону хонда дафтар,
Эй гашта ҷаҳону хонда дафтар,
Биндеш зи кори хеш беҳтар.
Ин чархи баландро ҳамебин,
Бар хоку ҳавову обу озар.
Як гавҳари тарру номи ӯ баҳр,
Як гавҳари хушку номи ӯ бар.
В-ин абр ҷаҳад ба хушк куҳсор,
З-он ҷавҳари тар ҳамекунад тар.
Бечора наботро набинӣ,
Ҳамвора ҷавон аз ин ду гавҳар.
В-ин ҷонварон равон гирифта
Бечора наботро мусаххар.
Бар табъи наботу ҷонвари пок,
Эй пир, туро кӣ кард меҳтар?
З-ин беш чӣ некӣ ояд аз ту
В-аз гов гунаҳ чӣ буду аз хар?
Ту бе ҳунаре чаро азизӣ,
Ӯ бе гунаҳе чарост музтар?
Донӣ, кӣ чунин азиз кардат,
Пас, чун муқирӣ ба адли довар?
Он кас, ки чунин азиз кардат,
Аз баҳри ту кард гавҳару зар.
Зеро ки накард ҳеч ҳайвон
Аз гавҳару зарр тоҷу афсар.
Бар гӯру гавазн агар амир аст,
Аз қуввати хешу дил ғазанфар.
Чун нест хирад миёни эшон,
Дарвеш аст ину он тавонгар.
Ин миру азиз нест бар гоҳ
В-он хору залил нест бар дар.
Шодиву тавонгарӣ хирадрост,
Ҳар ду аразанду ақл ҷавҳар.
Шохест хирад, сухан бар ӯ барг,
Тухмест хирад, сухан аз ӯ бар.
Зери сухан аст ақл пинҳон,
Ақл аст арӯсу қавл чодар.
Донои накӯсухан кунад боз
Аз рӯи арӯси ақл миъҷар.