Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Баркун зи хоби ғафлат, пуро, сар

Баркун зи хоби ғафлат, пуро, сар В-андар ҷаҳон ба чашми хирад бингар. Кори хар аст хобу хур, эй нодон, Бо хар ба хобу хур чӣ шавӣ дарх(в)ар? Эзид хирад зи баҳри чӣ додастат, То хуш бихуспию бихурӣ чун хар? Барнеҳ ба сар кулоҳи хирад в-он гаҳ Бар кун ба шаб яке суи гардун сар. Гӯӣ, ки сабздарё мавҷе зад В-аз қаър барфиканд ба сар гавҳар. Тирашабу ситора дар ӯ, гӯӣ Дар зулмат аст лашкари Искандар Парвин чу ҳафт хоҳар чун доим Биншастаанд паҳлуи якдигар. Чун аст Зӯҳра, чун рухи тарсида, Миррих ҳамчу дидаи шери нар. Шиъро чу сим хурд шуда бошад, Айюқ чун ақиқи Ямон аҳмар. Бар мубрами кабуд чунин ҳар шаб Чандин ҳазор чун шукуфад абҳар? Гӯӣ, ки дарзаданд ҳазорон ҷой Оташ ба гирди хирмани нилуфар. Гар оташ аст, чунки дар ин хирман Ҳаргиз фузун нагашту нашуд камтар. Бе равғану фатилаву бе ҳезум, Ҳаргиз надод нуру фурӯғ озар. Гар оташ он бувад, ки хуриш хоҳад, Оташ набошад, он ки нахоҳад х(в)ар. Бингар, ки аз булӯр бурун ояд, Оташ ҳаме ба нуру шуъои х(в)ар. Хуршед сонеъ аст мар-оташро, Бишнос з-оташ, эй писар, оташгар. В-ар лашкарест, ин ки ҳамебинӣ, Солору мир кист бар ин лашкар? Суқрот ҳафт мир ниҳод инро, Тадбирсозу коркуну раҳбар, Сабз аст Моҳу гуфт, кӣ аз ӯ рӯяд Дар хок милҳу сим ба санг-андар.