Омад баҳору навбати саҳро шуд
Омад баҳору навбати саҳро шуд
В-ин солхӯрда гетӣ барно шуд.
Оби чу нил бирка-ш майгун шуд,
Саҳрои симгунаш хазро шуд.
В-он боди чун дирафши даю баҳман
Хуш чун бухори уд мутарро шуд.
Бечора мушкбед шуда урён,
Бо гӯшвору қуртаи дебо шуд.
Рухсори даштҳо ҳама шуд тоза,
Чашми шукуфаҳо ҳама бино шуд.
Бинову зинда гашт замин, зеро
Боди сабо фусуни Масеҳо шуд.
Бустон зи нав шукуфа чу гардун шуд,
То настаран ба сони Сурайё шуд.
Гар нест абр мӯъҷизаи Юсуф,
Саҳро чаро чу рӯи Зулайхо шуд?
Бишкуфт лола чун рухи маъшуқон,
Наргис ба сони дидаи шайдо шуд.
Аз барф навбунафша гар эмин гашт,
Эдун чаро чу ҷомаи тарсо шуд?
Тира шуд обу гашт ҳаво равшан,
Шуд гунг зоғу булбул гӯё шуд.
Бустон биҳиштвор шуду лола,
Рахшон ба сони орази ҳуро шуд.
Чун ҳиндувон ба пеши гулу булбул
Зоғи сиёҳ бандаву мавло шуд.
В-он гулбуни чу гунбади симинаш
Ороста чу қуббаи мино шуд.
Чун Амри Ос пеши Алӣ, даймаҳ
Пеши баҳор оҷизу расво шуд.
Маъзул гашт зоғ чунин, зеро
Чун душмани набераи Заҳро шуд.
Куфру нифоқ аз ӯй чу Аббосӣ
Бар ҷомаи сиёҳаш пайдо шуд.
Хуршед фотимӣ шуду боқувват,
Баргашту аз нишеб ба боло шуд.
То нури ӯ чу ханҷари Ҳайдар шуд,
Гулбун қавӣ чу Дулдули шаҳбо шуд.