Касе, к-аз рози ин дӯлоби пирӯза хабар дорад,
Касе, к-аз рози ин дӯлоби пирӯза хабар дорад,
Ба хобу хур чу хар умри азизи хеш нагзорад.
Ҷуз он нодон, ки нангу ҷаҳл зери пайсипар кардаш,
Касе худро ба коми аждаҳои маст наспорад.
Хирадмандо, чӣ машғулӣ бад-ин анбори беҳосил,
Ки ин анборат аз кашкин чу аз ҳалво биянборад?
Туӣ бар хобу хур фитна, ҳамоно худ наӣ огаҳ,
Ки мар-паҳлӯ-тро гетӣ ба хобу хур ҳамехорад.
Наӣ, эй хокхор, огаҳ, ки ҳар к-аш хокх(в)ар бошад,
Саранҷом арчи дер аст, ин қавӣ хокаш биявборад.
Фалак мар- хокро, эй хокхӯр, дар меваю дона,
Зи баҳри ту ба шӯру чарбу ширин мебиёчорад.
Намебинӣ, к-аз он очор агар хоке тиҳӣ монад,
Туро, эй хокхор, он хок беочор нагворад?
Туро заҳр аст хоку душмане дорӣ ба меъда-дар,
Ки гар хокаш диҳӣ в-ар не, ҳаме корат ба ҷон орад.
Агар фармони ӯ кардиву хӯрдӣ хок, шуд хомӯш
В-агарна ҳамчунон доим ба меъда-дар ҳаме жорад.
Ба донай гандум андар чист, к-ӯ мар-хоку саргинро
Чунин кардаст, к-ӯро кас ҳаме з-ин ду напиндорад?
Чӣ гуна бесару дандону ҳалқу меъда он дона,
Ҳаме хоке хӯрад ҳамвора, к-об ӯро биёғорад?
Касе, к-ин пур аҷоиб сунъу қудратро намебинад,
Сазад, гар марди бино ҷуз, ки нобинош нашморад.
Ба дона тухмҳо дар пешкоронанд мардумро,
Ки ҳар як з-он яке кору яке пешай дигар дорад.
Чу дар ҳар донае доно яке сонеъ ҳамебинад,
Худои хеш онҳоро напиндорад, наангорад.
В-ар андар ёфтан мар-пешкоронро чу дармонад,
Бар он, к-ӯ бартар аз ақл аст, хира ваҳм бигморад.
Касе шукри Худованде, ки ӯро бандае бахшад,
Ки ӯ аз хок хурмо кард, донад худ чӣ бигзорад?
Туро дурдонаи хурмост, эй бинодил, ин банда,
Ки ӯ бар сар-т ҳар соле ҳаме хурмо фурӯ борад.
Касе, к-аз кирдгори хеш аз ин сон қиматӣ ёбад,
Сазад, гар дар ду дидай хеш тухми шукри ӯ корад.
Аз он пас, к-ат накӯиҳо фаровон дод бетоат,
Гар ӯро ту биёзорӣ, туро бешак биёзорад.