Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳар кӣ ҷони хуфтаро аз хоби ҷаҳл ово кунад,

Ҳар кӣ ҷони хуфтаро аз хоби ҷаҳл ово кунад, Хештанро, гарчи дун аст, эй писар, воло кунад. Ҳар касе, к-аш хори нодонӣ ба дил дархаст неш, Гар бикӯшад, зуд хори хешро хурмо кунад. Илм чун гармо-ст, нодонӣ чу сармо аз қиёс, Ҳар кӣ аз сармо гурезад, қасд зӣ гармо кунад. Мардро савдои дониш дар дилу дар сар шавад, Чун-ш нангу ори нодонӣ ба дил сафро кунад. Хуни расвоист нодонӣ, бурун бояд-ш кард, Андак аз дил пеш аз он, к-ӯ мар-туро расво кунад. Ғадру макру ҷаҳл – ҳар се мункир аъдои туанд, Зуд бояд мардро, к-ӯ қасди ин аъдо кунад. Ту ба қаҳри душманон беҳтар, ки худ мабдо кунӣ, Пеш аз он, к-он бадният бар қаҳри ту мабдо кунад. Ҷуз бадӣ н-орад дарахти ҷаҳл чизе баргу бор, Барканаш зуд аз дилат з-он пеш, к-ӯ боло кунад. Ҳар кӣ ҷони бадкунишро сирати некӣ диҳад, Зиштро некӯ кунад, бал девро ҳуро кунад. Ҳар кӣ баччай мори бадро парваронад рӯз-рӯз, Зуд бар ҷони азизи хеш аждарҳо кунад. Номи некӯро бигустар, шав ба феъли хеш нек, То-т гӯяд, эй накӯфеъл, он ки-т ӯ ово кунад. Мояи ҳар некию асли накӯӣ ростист, Ростӣ ҳар ҷо, ки бошад, некуӣ пайдо кунад. Чун ба нуқтай эътидолӣ рост гардад рӯзу шаб, Рӯзгор ин олами фартутро барно кунад. Наргису гулро, ки нопайдо шаванд аз ҷаври дай, Адли фарвардин нигар, то чун ҳаме пайдо кунад. Абри боранда забар чун дидаи Вомиқ шавад, Чун ба зераш гулрухон чун орази Азро кунад. Ростӣ кун, то ба дил чун чашми сар бино шавӣ, Ростӣ дар дил туро чашми дигар бино кунад. Гармию сардӣ туро ҳар ду мисол аст аз ситам, З-он ҳаме ҳар як ҷаҳонро зишту нозебо кунад. Мар-ситамгарро набинӣ, к-Эзиди одил ҳаме Гоҳ ваъда оташи сӯзону гаҳ сармо кунад. Ҷон-тро бо тан ба парвардан қарини рост дор, Нест одил, ҳар кӣ рағбат зӣ тани танҳо кунад.