Сабо боз бо гул чӣ бозор дорад,
Сабо боз бо гул чӣ бозор дорад,
Ки ҳамвораш аз хоб бедор дорад?
Ба рӯяш ҳаме бардамад мушки соро,
Магар роҳ бар табли аттор дорад?
Ҳаме роз гӯянд то рӯз ҳар шаб,
Азеро ба баҳман гул озор дорад.
Чу беморгун шуд зи нам чашми наргис,
Мар-ӯро ҳаме лола тимор дорад.
Нигаҳ кун саҳаргоҳ бар дашти симин,
Ба зар-андарун дурри шаҳвор дорад.
На ғаввоси гавҳар, на аттори анбар
Ба наздики наргис чӣ миқдор дорад?
Бинолад ҳаме пеши гулзор булбул,
Ки аз зоғ озори бисёр дорад.
Зиреҳпӯш гаштанд мардони бустон,
Магар боғ бо зоғ пайкор дорад?
Кунун тири гулбун ақиқу зумуррад,
Аз ин кина бар парру сӯфор дорад.
Набинӣ, ки чун кинадорон гули нав
Пур аз худ дилу дасти пурхор дорад.
Биёбад кунун дод, булбул, ки бустон
Ҳама хайли найсону айёр дорад.
Арӯси баҳорӣ кунун аз бунафша
Гашан ҷаъду аз лола рухсор дорад.
Биё, то бибинӣ шигифтий арӯсе,
Ки зулфайну ораз ба хирвор дорад.
Нагӯям, ки товуси нарр аст гулбун,
Ки гулбун ҳаме з-ин сухан ор дорад.
На товуси нар аз вашӣ парр дорад,
На аз сурх ёқут минқор дорад.
На дар парру минқори рангин сиришта,
Чу гул мушки Хирхизу Тотор дорад.
Чӣ гӯӣ, ҷаҳон ин ҳама зебу зинат
Кунун бар ҳамон хоку куҳсор дорад?
Чӣ гӯӣ, ки пӯшида ин ҷомаҳоро
Ҳамон гандапири чу кафтор дорад?
Басе бар дарахти гул аз баргу бораш,
Гаҳе миъҷару гоҳ дастор дорад.