Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳушёрон зи хоб бедоранд,

Ҳушёрон зи хоб бедоранд, Гарчи мастони хуфта бисёранд. Бо харон гар ба обхӯр нашаванд, Бо дили пурхирад сазоворанд. Ҳасташон огаҳӣ, ки на зи газоф Зери ин хайма-дар гирифторанд. Ёри мастони беҳушанд аз бим, Гарчи бо фазлу ақлу ҳуш ёранд. Кай писанданд ҳаргиз ин мастон Кори ин оқилон, ки ҳушёранд? Мардумон, эй бародар, аз ома На ба феъланд, бал ба дидоранд. Душмани оқилони бегунаҳанд, З-он ки худ ҷоҳилу гунаҳкоранд. Ҳама дидору ҳеч фоида на, Рост чун сояи сапедоранд. Минбари олимон гирифтастанд, Ин гурӯҳе, ки аз дари доранд. Рӯзи бозор сохтаст Иблис В-ин сафеҳон-ш рӯи бозоранд. Кай шавад ҳеч дардманд дуруст, З-ин табибон, ки зору беморанд. Бар дурӯғу зинову май хӯрдан Рӯзу шаб ҳамчу зоғи ноҳоранд. В-ар вадиат ниҳанд, моли ятим Назди эшон ғанимат ангоранд. Гар дуруст аст қавли мӯътазила, Ин фақеҳон ба ҷумла куффоранд. Фахри доно ба дин бувад в-инҳо Айби динанду илмро оранд. Дар кишоварзи дини пайғамбар Ин фурӯмоягон хасу хоранд. Мар-маро дар миёни хеш ҳаме Аз басе айби хеш нагзоранд. Гар ҳаме ин ба ақлу ҳуш кунанд, Ҳушёранду ҷалду айёранд. З-он ки хуфта ба дил хиҷил бошад, Аз гурӯҳе, ки монда бедоранд.