Эй хоҷа, ҷаҳон басе ҳиял донад
Эй хоҷа, ҷаҳон басе ҳиял донад
В-аз ғадр ҳаме ба ҷодуӣ монад.
Гар ту ба масал ба абр-бар бошӣ,
З-он ҷо-т ба ҳилаҳо фурӯ хонад.
То ҳар чӣ бидод мар-туро, хуш-хуш
Аз ту ба дурӯғу макр бистонад.
Хубию ҷавонию тавоноӣ
З-ин шӯҳрадарахти ту биявшонад.
То аз ҳама зебу қуввату хубӣ
Як рӯз чу ман тиҳӣ-т биншонад.
В-онро, ки аз ӯ ҳаме бихандидӣ,
Фардо зи ту, бегумон, бихандонад.
Биншину марав, агар туро гетӣ
Хоҳад, ки ба чӯби ин харон ронад.
Ҳаргиз ба дурӯғи ин фурӯмоя
Ҷуз ҷоҳилу ғумр гурба кай шонад?
Доност касе, ки рӯй з-ин ҷоду
Дар пардаи дини ҳақ бипӯшонад.
В-аз умр ба дасти тоати Яздон
Хуш-хуш бибарад, бад-он чӣ битвонад.
В-аз доми ҷаҳон рамон-рамон бошад,
Чун одати шуми ӯ ҳамедонад.
К-ин сифла ҷаҳон ба гирди он гардад,
К-ӯ рӯй зи рӯи ӯ бигардонад.
Аз Ҳуҷҷат агар ту панд бипзирӣ,
Аз қаҳри ту ин ҷаҳон фурӯ монад.
Ҷуз муъзини ҳақ ба вақти «қад қомат»
Аз ҷой «қунут» барнахезонад.