Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷону хирад раванда бар ин чархи ахзаранд,

Ҷону хирад раванда бар ин чархи ахзаранд, Ё ҳар дувон ниҳуфта дар ин гӯи ағбаранд? Олам чаро ки нест сухангӯю ҷонвар, Гар ҷону ақл ҳар ду бад-ин олам андаранд? В-ар дар ҷаҳон наянд, ало ҳол ғоибанд В-ар ғоибанд, бар тани мо чун ки ҳозиранд? Гарчи на ғоибанд, ба ашхос ғоибанд, В-арчи на эдаранд, ба афъол эдаранд. В-он гаҳ, к-аз ин мизоҷи муҳайё ҷудо шаванд, Чизанд, ё на чиз, аразвор бигзаранд. Гар чиз нестанд бурун аз мизоҷи тан, Имрӯз низ лошию маҷҳулу абтаранд. В-ар лошиянд, феъл наёяд зи чиз, на В-ин ҳар ду дар тани ту ба афъол зоҳиранд. Он к-ӯ ҷудо кунад ба хирад ҷавҳар аз араз, Донад, ки ин ду чиз латифанду ҷавҳаранд, Зеро бад-ин ду ҷисми табиӣ тамом шуд, К-аз обу боду хоку зи афлок бартаранд. Аҳли тамизу ақл аз ин домгоҳи саъб Ғофил наянд, гарчи бад-ин домгаҳ-даранд. Гетӣ чу чашму сурати эшон дар ӯ басар, Олам дарахти барвару эшон бар ӯ баранд. Дарҳои раҳматанд ҳакимони рӯзгор В-инҳо, ки чун харанд, ҳама аз паси даранд. Инҳо, ки чун сутур нагунанд, нестшон Зӯру тавони он, ки бар ин чарх бингаранд. Ин офрӯшаест, ду зоғ аст холгар-ш, Ҳар ду қарини якдигару нек дарх(в)аранд. В-ин хаймаи кабуд набинанд в-ин ду мурғ, К-эшон дар ӯ як аз паси дигар ҳамепаранд. Донанд оқилони ҷаҳон, к-ин кабӯтарон Обу хӯриш ҳаме ҳама аз умри мо х(в)аранд. Чандин ҳазор халқ, ки хӯрданд ин ду мурғ, Пас, чун ки ҳар ду гурсунагонанду лоғаранд? То кай гаҳ он сиёҳ кабӯтар, гаҳ он сапед Чун бигзаранд, парр ба мо-бар бигустаранд? То чанд бингаранду бигарданд гирди мо Ин шӯҳра шамъҳо, ки бар ин сабз манзаранд?