Касе, ки қасд зи олам ба хобу х(в)ар дорад,
Касе, ки қасд зи олам ба хобу х(в)ар дорад,
Агарчи чеҳра-ш хуб аст, табъи хар дорад.
Ба ҷуз ҳимораш машмор, эй басирбасар,
Агарчи ӯ ба сар-андар чу ту басар дорад.
На ҳарчӣ бо пар бошад зи мурғ, боз бувад,
Ки мушхору ғаливож низ пар дорад.
Зи мардум он бувад, эй пур, аз ин ду пои равон,
Ки феъли даҳри фиребандаро хабар дорад.
Чу чора несташ аз сӯҳбати ҷиҳони ҷаҳон,
Агар ҷафо-ш намояд, ҷафо-ш бардорад.
Зи бими дард ниҳад мард дунба бар дунбал,
На з-он ки дунбал наздики ӯ хатар дорад.
Ҷаҳон, агар шакар орад ба дасти чап суи ту,
Ба дасти рост-дарун, бегумон табар дорад.
Дарахти хурмо сад хори зишт дораду хушк,
Агар ду шингила хурмои хубу тар дорад.
Ҷаҳон ба остӣ-андар ниҳуфта дорад заҳр,
Агарчи пеши ту дар дастҳо шакар дорад.
Мунофиқ аст ҷаҳон, гар ба ногузир ҳаким
Биҷӯядаш ба дилу ҷон, аз ӯ ҳазар дорад.
Дар ин сарой бибинад, чу андар ӯ омад,
Ки ин сарой зи марге дари дигар дорад.
Ҳамеша нохушу бебаргу бенаво бошад,
Касе, ки маскан дар хонаи дудар дорад.
Чу баргузашт дар ин хона сад ҳазор бад-ӯ,
Мақарри хеш надорад-ш, раҳгузар дорад.
Ба чашми сар натавонад-ш дид марди хирад,
Ба чашми дил нигарад дар ҷаҳон, агар дорад.
Агар-т дод надод, эй писар, ҷаҳон ӯро
Ҳаме ба пой ҷаҳондори додгар дорад.
Зи баҳри доно дорад ҳаме ба пой Худой
Ҷаҳону динро, н-аз баҳри ин ҳашар дорад.
Батар бувад зи ҳашар, балки гов бошаду хар
Касе, ки қасд дар ин ҷо ба хобу х(в)ар дорад.
Зи баҳри донишу дин боядаш ҳаме мардум,
Ки худ хуранда ҷуз ин бешумору мар дорад.
Ба хур маноз чу хар, бал шараф ба дониш ҷӯй,
Ки хар ба хур шикам аз ту фарохтар дорад.