Хирадмандро ме чӣ гӯяд хирад?
Хирадмандро ме чӣ гӯяд хирад?
Чӣ гӯяд-ш, гӯяд: «Ҳазар кун зи бад!»
Бад-он вақт гӯяд ҳамеш ин сухан,
Ки аз бадкуниш бар сараш бад расад.
Хирад бад нафармоядат кард аз он-к
Саранҷом бар бадкуниш бад расад.
Бар ин қавлат, эй хоҷа, ин бас гуво,
Ки ҷавкор ҷуз ҷав ҳаме надравад.
Набинӣ, ки гар хор корад касе,
Нахуст аз ниҳолаш мар-ӯро халад.
Агар бад кунӣ чун даду доми ту,
Ҷудо нестӣ ҳам ту аз дому дад.
Бадӣ доми Оҳирмани нокас аст,
Ба домаш дарун чун шавӣ бо хирад?
Бадӣ мори гурза-ст, аз ӯ дур бош,
Ки бад бадтар аз мори гурза газад.
Агар ҳирбад бад бувад, бад макун,
Ки гар бад кунӣ, худ туӣ ҳирбад.
Чу лаънат кунад бар бадон бадкуниш,
Ҳаме лаънат ӯ бар тани худ кунад.
Чу ҳар ду тиҳӣ мебароянд аз об,
Чӣ айб оварад мар-сабадро сабад.
Ҳунарпеша он аст, к-аз феъли нек
Сари хешро тоҷ худ барниҳад.
Чу некӣ кунад бо ту бар хештан,
Ҳамехонад аз ту саноҳои х(в)ад.
Киро пеша некӣ бишояд будан,
Ҳамеша равонаш ситоиш чанад.
Ба ду-ҷҳон беозор монад ҳар он-к
Зи некӣ ба тан бар ситоиш танад.
Зи некӣ ба некӣ расад мард аз он,
Ки ҳар кас, ки ӯ гул кунад, гул х(в)арад.
Хирад ҷуз, ки некӣ надонад ҳагирз,
Зи некӣ на ҷуз шири мидҳат макад.
Хирад з-оташи табъ оташтар аст,
Ки мар-мардуми хомро ӯ пазад.
Бурун орад аз дил бадиро хирад,
Чу аз шир мар-тирагиро намад.