Озурдани мо замона хӯ дорад,
Озурдани мо замона хӯ дорад,
М-озор аз ӯ, гарат биёзорад.
В-аз ақл яке сипар кун, ар хоҳӣ,
К-ат даҳр ба теғи хеш нагзорад.
Таъвизи вафо бурун кун аз гардан
В-арна ба ҷафо гулӯ-т бифшорад.
Он аст каримтабъ, к-ӯ эҳсон
Бо аҳли вафову фазл хӯ дорад.
В-аз сифла ҳазар кунад, ки нокасро
Доно чу саг аҳли хор ангорад.
Шӯра-ст сафеҳу сифла дар шӯра
Ҳушёр ҳагирз тухм кай корад?
Бар шӯра марез оби хуш, зеро
Н-ояд-т ба кор, чун биёғорад.
Хорест дурушт суҳбати ҷоҳил,
К-ӯ чашми вафову мардумӣ хорад.
Маспор ба даҳри сифла дил, зеро
Озода дилаш ба сифла наспорад.
Эмин машав аз замона, зеро к-ӯ
Морест, ки хушку тар биявборад.
Гар бигзарад аз ту як бадаш, фардо
Ночор аз он батар-т боз орад.
Кам бинад мардум аз ҷаҳон раҳмат,
Ҳарчанд ки беш гиряду зорад.
Ин шӯйкуши палид ҳар рӯзе,
Бингар, ки чӣ гуна рӯй бингорад.
В-аз шӯй ниҳон ба ғадру маккорӣ
Дар ҷоми шароб заҳр бигсорад.
В-он фитна шуда з-дасти ин душман
Бистонад заҳру нӯш пиндорад.
Онро, ки чунин занеш бифребад,
Шояд, ки хирад ба мард нашморад.
Он аст хирад, ки ҳаққи ин ҷоду
Мард аз раҳи дину зӯҳд бигзорад.
В-аз абри забон сиришки ҳикматро
Бар кишти ҳушу хирад фурӯ борад.
В-ар сар бикашад хирад зи ҳушёрӣ,
Бар пушташ бори дин баранборад.