Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Дари дурҷи сухан бикшой бар панд,

Дари дурҷи сухан бикшой бар панд, Ғазалро дар ба дасти зӯҳд дарбанд. Ба оби панд бояд шуст дилро, Чу солат баргузашт аз шасту аз анд. Чу бар дил мардро аз деви гумраҳ Ҳамебинӣ фиканда банд бар банд. Бидеҳ пандаш, ки бикшояд саранҷом, Зи банда банди малъун девро панд. Ҳароратҳои ҷаҳлиро ҳакимон Зи илму панд гуфтастанд реванд. Чу сабрат талх бошад панд, лекин Ба сабрат панди чун сабрат шавад қанд. Нахустин панд худ гир аз тани хеш Вагарна нест пандат ҷуз, ки тарфанд. Бад-он саққо, ки худ хушк аст комаш, Гаҳе бигрию гаҳ б-афсӯс барханд. Чӣ бояд панд, чун гардуни гардон Ҳама панд аст, бал Занд асту Позанд. Чӣ дорӣ чашм аз ӯ, чун ину онро Ба пеши ту бад-ин хок андар афганд. Басанда-ст, ар набошад низ панде, Падар панди туву ту панди фарзанд. Манеҳ дил бар ҷаҳон, к-аз бех барканд Ҷаҳон Ҷамро, ки ӯ оганд Байканд. Нигар, чӣ-проканӣ, з-он хӯрд бояд-т, Ки ҷав хӯрдаст он, к-ӯ ҷав пароканд. Зи бедодӣ самар гаштаст Заҳҳок, Ки гӯянд ӯ ба банд аст дар Дамованд. Ситам мапсанд аз ман бар тани хеш, Ситам аз хеш бар ман низ мапсанд. Дилатро занги бад кардан бихӯрдаст, Ба рандай тавба занг аз дил фурӯ ранд. Ба қурт андар туро з-ин бадкуниш тан, Яке деви азим аст, эй хирадманд. Чу дар қурта туро худ ҷои ғазв аст, Набояд шуд ба тарсову равиҳанд. Киро дар остин мурдор бошад, Куҷо ёбад раҳоиш мағзаш аз ганд?