Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Чанд гӯӣ, ки чу ҳангоми баҳор ояд,

Чанд гӯӣ, ки чу ҳангоми баҳор ояд, Гул биёрояду бодом ба бор ояд. Рӯи бустонро чун чеҳраи дилбандон Аз шукуфа руху аз сабза изор ояд. Рӯи гулнор чу биздояд қатри шаб, Булбул аз гул ба саломи гулнор ояд. Роздор аст кунун булбул, то якчанд Зоғ зор ояду ӯ зӣ гулзор ояд. Боғро, к-аз дай кофур нисор омад, Чун баҳор ояд, лӯълӯ-ш нисор ояд. Гулсавор ояд бар маркабу ёқутин, Лола дар пешаш чун ғошиядор ояд. Гул табору ол дорад ҳама маҳрӯён, Ҳар гаҳе, к-ояд бо олу табор ояд. Бед бо бод ба сулҳ ояд дар бустон, Лола бо наргис дар бӯсу канор ояд. Боғ монандаи гардун шавад эдун, к-аш Зӯҳра аз чарх саҳаргаҳ ба назор ояд. Инчунин беҳудаҳо низ магӯ бо ман, Ки маро аз сухани беҳуда ор ояд. Шаст бор омада Наврӯз маро меҳмон, Ҷуз ҳамон нест, агар шашсад бор ояд. Ҳар киро шуст ситамгар фалакорояш, Боғи ороста ӯро ба чӣ кор ояд? Сӯи ман хобу хаёл аст ҷамоли ӯ, Гар ба чашми ту ҳаме нақшу нигор ояд. Неъмату шиддати ӯ аз паси якдигар, Ҳанзалаш бо шакару бо гул хор ояд. Рӯзи рахшанда, к-аз ӯ шод шавад мардум, Аз паси андуҳу ранҷи шаби тор ояд. Чу ту мадҳуш ба хок-андар хусбидӣ, Чӣ баҳор ояду чӣ дашт ба бор ояд. То наронад дайи девона-т хӯи бад, На баҳор ояду на дашт ба бор ояд. Фалаки гардон шерест рабоянда, Ки ҳаме ҳар шаб зӣ мо ба шикор ояд. Ҳар кӣ пеш оядаш аз халқ, биявборад, Гар сиғор ояд ё низ кибор ояд.